БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НУҲМОҲА ДОИР ГАРДИД

ТЕМУРМАЛИК. Бо иштироки муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи №3» маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи ҳисоботӣ доир карда шуд.

Зимнан раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ҷалилов Суҳроб доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар муддати нуҳ моҳи ҳисоботӣ ибрози ақида намуда, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи чорум муайян намуд.

Инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо андешаронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ фаъол бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg