БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ НАВОВАРИҲО НАБОЯД ҚАФО МОНД

АНДЕША. Мардуме, ки беш аз ҳазорсолаҳо таърих дораду 10 аср пеш давлати мустаҳкам дошт, дар шароити кунунӣ барои ихтироъ ва истеҳсоли технологияи нав бояд саҳм бигирад. Мо бояд дар ин вазъият маҳфили ихтироъкорону навоваронро ташкил намуда, дар ҳар як маҳал маркази онҳоро ташкил намоем. Системаеро роҳнадозӣ намоем, ки ин гурӯҳи ихтироъкорон бо ҳам дар робита буда, баҳри ҳалли мушкилоти мавҷудаи маҳал талош варзанд. Аз ҷониби дигар ин гурӯҳи ихтироъкорон барои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз имкониятҳои мавҷудбуда  истифода бурда, малакаи худро ба мардуми кишвар нишон диҳанд. Мо умеду боварии комил дорем, ки коршиносон ва олимони ҷавони мо дар баробари дигар донишмандони ҷаҳон қобилияти хуби ихтироъкориро доро мебошанд. Танҳо ҳунар ва қобилияти онҳоро каме ҷунбиш овардан мумкин аст. Гузаштагони мо дар шароити начандон кофӣ умр ба сар  мебурданд, аммо аз ҷурмҳои осмонӣ то қаъри замин тамоми маълумотҳоро ҷамъоварӣ намуда,  ба мардуми башарият нишон додаанд. Мо мардум ва насле ҳастем, ки дар вуҷуд ва фикри мо аз солҳои қадим ихтироъкорӣ ва навоварӣ буд ва ҳаст. Ин қобилияти мо ирсӣ ва то наслҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар шароити имрӯза ҷиҳати сайқали дониш ва ихтироъи дилхоҳ технология тамоми шароит муҳайё мебошад. Аз ҷониби дигар шабакаи интернет ба мо имкон медиҳад, ки тарқи “онлайн” пахши зинда бо дигар коршиносону олимон робита намуда, аз дониш ва фаҳмиши онҳо дар дилхоҳ соҳаҳо истифода барем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg