БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ВА Ё АБЛАҲОНИ ЗАРХАРИД

ВОКУНИШ. Оппазиятсияи тоҷик ва ё ба қавли дигар панҷ нафар аблаҳоне, ки забону нафсу мавқеву  замонашон мутааллиқ ба аҷнабиён аст, рӯзи 12 октябр дар назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва ба зидди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ин созмон дар Брюссел хостанд, ки  эътироз нишон диҳанд.

Мақомоти шаҳрдории Брюссел ҳадафи оппозитсияи дар нохунак будаи тоҷикро  аз майдонҳо ронда, барои иҷрои чунин амалашон ба ҳоли онҳо хандиданд.

Ҷойи таассуф аст, ки шармандагони кӯчаи одамият, оппозитсияи бо ном масхарабоз ва ё ду -се тан аз сагони пири дайду ба ҷойи шукргузорӣ аз миллату Ватани хеш, шукрона аз ободию созандагии давлати Тоҷикистон ва сипосгузорӣ аз Пешвои муаззами оламшумули хеш хостанд ба майдонҳо баромада,  эътирозҳо мекунанд.

Биёед, солификрони тоҷик сари як масъала андеша намоем, ки эътироз барои чӣ ва бар зидди кӣ? Ва эътирозро кӣ анҷом медиҳаду худ барои ҳамин давлат чӣ кардааст? Ин ҳама саволҳо ҷавоб мехоҳад. Ҷавоб аз оппозитсияи дар нохунак будаи тоҷик, аз ду- се бешарафе, ки имрӯз дар кӯҳи ғарибӣ аз шарми беҳаёиву ватанфурӯшӣ ҳамчун инсон вуҷуд доранд, на зиндагӣ.

Оппозитсияи дар нохунаки тоҷик вақто, ки ангушт ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон мекунанд, боре бояд андеша намоянд, ки чор ангушти дигар ҷониби худи инсон аст, пас месазад, ки аз худ бипурсем, ки мо барои ин Ватан ва ин сарзамин чӣ кор кардаем.

Мо миллати тамаддунофари тоҷик бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем ва ҳар сафари кории ӯро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар бошад, фоли нек мешуморем ва умедвори ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизро дорем.

Боқӣ оппозитсияи дар нохунакбудаи тоҷик ҳамон сагонанд ва Пешвои миллат ҳамон моҳтобест,  ки шабҳои моҳтобӣ сагҳои дайду ҷониби он аккос мезананд.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg