БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ШОҲСУТУНИ МИЛЛАТ АСТ

Забони модариро дӯст доред.

Шумо, ки ворисони рӯзгоред,

Барои ҳар каломи софу покаш,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995 дар замоне, ки гурӯҳи қудратманде ба ҷойи забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зӯроварӣ гап мезаданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми табрикотии хеш барои расидан ба орзуву омол,талоши ҳамешагии истиқлохоҳӣ,озодиҷӯӣ ва сарфарозии миллат нақши беандоза доштани забонро таъкид карда,бо боварии комил қайд карда буданд, ки “Забони модарии мо,  имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба давлатҳои минтақа мусоидат кунад”.

АНДЕША. Аҳаммияти волои Истиқлолияти давлатӣ дар он аст. ки забони хонаводагию кӯчагиро ба забони миллӣ, коргузорӣ,сиёсӣ, давлатӣ табдил дод. Ин забон ҳоло баробари Парчам,Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳо ва рамзҳои муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз " 5-уми октябри соли 2009. №533 забони тоҷикӣ аҳаммияти давлатӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро боло бардошт. Қонун аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Яке аз тадбирҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон, таҳия ва пешниҳоди Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки он дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат барои солҳои тӯлонӣ ҳамчун раҳнамои муфид истифода шуда истодааст.

Аҳли зиёи кишвар,омӯзгорону олимон кӯшиши зиёд мекунанд то забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм омӯзонида шавад. Албатта, ин ҷо саҳму мақоми гузаштагонамонро ёдовар бояд шавем, ки бо шарофати саҳми онҳо имрӯзиён метавонанд саҳифаҳои гузаштаи қадимаи худро варақ зананд. Ин моро вазифадор менамояд, ки беҳтарин анъанаҳои илмии ниёгонро идома диҳем, пойдор гардонем ва рушд бахшем. Мо аз ҳар се давраи таърихии ташаккули забонамон садҳо асарҳоро медонем, ки маҳз бо ҳамин лафзи тоҷикӣ китобат шуда,бархе то ин замон расидаанд. Бисёр гуворост, ки имрӯз ҳам олими тоҷик андешаву таҳайюл ва ихтирооту кашфиёташонро бо ин забон метавонад манзур кунанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон-забони модариро аз даст надодааст.

Забони тоҷикӣ, воқеан ҳам, аз забонҳои ғановатманду бонуфузи ҷаҳон аст ва аз ин ҷост, ки хориҷ аз қаламрави он ҳам донишмандони зиёде ба ин забон таваҷҷуҳ зоҳир кардаву оид ба масоили марбут ба он аз сари меҳру ихлос мақолаву рисолаҳо навиштаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба мақоме, ки дар замони Сомониён дошт, бори дигар расид. Агар ба таърихи 15-20-солаи забонамон нигарем, чораву тадбирҳои ҳукуматро нисбат ба забон ба андозае зиёд мебинем, ки мислаш дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ба назар нарасида буд. Дар ҳақиқат, чунин аст. Қабул шудани қарору қонунҳои дахлдор дар бораи забон,Қоидаи имлои забони тоҷикӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз, эҳёи Меҳргону Сада, ҷо ба ҷо кардани ҷашнвораҳои миллӣ дар тақвим, бузургдошти шахсиятҳои таърихию адабӣ, шинохти асолати миллӣ, чопи садҳо асари илмию адабӣ ва таърихӣ, таъсиси мактабу донишгоҳҳои нав, симо ва садои миллӣ, шӯроҳои илмӣ, академияҳои соҳавӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра далели гуфтаҳои болост.

Дар олам наметавон забонеро дарёфт, ки танҳо бо имконияту ғановати дохилии хеш ба соҳибзабонашон хизмат мекарда бошад. Забони мо аз оғози пайдоишаш то имрӯз, ҳатто дар айёми мураккабтарини таърихӣ вазифаашро сазовор адо намуда,мояи ифтихор будаасту ҳаст.Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат,нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.

Наргис Нурализода, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg