БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои бадбахт ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд

АНДЕША. Шукри Истиқлолияти Ватани азизамон, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу Ваҳдату оромӣ, зиндагии шоиста ба сар мебарем. Аммо мутаасифона ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ин давлати рушдёфтаистодаи моро боз ба солҳои навадум баргардонанд.

Чанде пеш дар Васоити ахбори омма дар бораи Саид Қиёмиддин Ғозиев - яке аз пешвоёни шиамазҳабоҳи Тоҷикистон барнома пахш гардида, оид ба фаъолияти хоинонаи ӯ маълумоти муфассал дода шуд. Ҳарчанде Эшон аз кардаи худ пушаймон шуда аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида бошад, фарзандони қурбонгаштаи тоҷикро баргардонида намешавад. Ҳоло ҳам бошад ҳастанд хоиноне, ки дар пайравӣ эшони Қиёмиддин мехоҳанд байни мардум иғво андозанд. Яке аз онҳо роҳбари наҳзатиҳо Кабирии мазҳабфурӯш мебошад.

Ӯ худро бори дигар ҳамчун «ҷонфидо»-и адолат муаррифӣ намуда, таҳдид кардааст, ки баҳри сафед кардани хиёнатҳои худ нисбати Ватану миллаташ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод намояд. Акнун, ки ниятҳои ифлосу ҷинояткоронаи роҳбарияти наҳзатиҳо ошкор шудаву супоришҳои бар ивази маблағҳои ҳангуфт аз хоҷагонашон гирифта амалӣ нагардид, модоме, ки бахше аз гуруҳи ҷосусии Эрон будани наҳзатиҳо ва амалҳои хиёнаткоронаи онҳо нисбати мардуми осоиштаи ватанамон ошкор шуд, онҳо мехоҳанд худро сафед кунанд.

Ба пули пуч намеарзад он баромадҳову ваъдаҳои дуруғи Кабирӣ, ки солиёни дароз дар назди ҳамҳизбону интихобкунандагони худаш «вазъ» мекард. Дар барномаҳои пешазинтихоботии худ, ваъда мекард, ки «…ҷамъияту миллатро ба худиву бегона» ҷудо накунанд. Аммо наҳзатиён ва тарафдоронашон халқро ба худӣ ва бегона ҷудо карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба нобудкунии тоҷику тоҷикистониён машғул буданд. Аз минбари баланд, Кабирӣ мегуфт, ки «давлати мо бояд барои ҳама як хел бошад». Аммо пинҳонӣ мегуфт, ки мо бояд кӯлобиҳову ҳисориҳоро нобуд кунем.

Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар тафакури мардум наҳзатиҳо ба тасаввури ҷангу харобазор ҷой гирифтааст. Аз ин лиҳоз дар интихоботҳо овоз намегирифтанд. Наҳзатиҳо бошад барои рӯйпуш кардани шармандагиҳояшон худро ба сад дари ташкилотҳои хориҷӣ мезаданд.

Наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ ба мардум хизмат накарданд ва дар нақшаашон ҳам ин набуд. Чунки аксарияти онҳо ба манфиати шахсии худ кор мекарданд, аз қафои тиҷорату ширкатҳои хусусии худ саргардон буданд. Руҳониён бошанд, ба ном «нимчамулло»-ҳо ҷавононро бо усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақ медоданд. Роҳбарони наҳзат (раис, муовин, мушовирони раис ва фаъолоне, ки ягон вазифаи муайян надоштанд) бошанд, ба расмиятпарастони корозмуда табдил ёфта аз меҳнати ҷамъиятӣ озод, мубадал гаштанд. Дар вақти омода намудани номзадон, наҳзатиҳо аз ин рӯихат «шоирон, академикҳо ва дигар қишри хизматчиёнро» хат зада, мардумро боварӣ кунониданд, ки агар онҳо ба ҳизб «овоз» ҳам ҷамъ карда тавонанд, онҳо дар парлумон таҷрибаи кофӣ надошта ягон манфиат оварда наметавонанд.     Дар асл наҳзатиҳо аз одамони хирадманду олимон дар ҳарос буданд, ки мабодо ниятҳои ифлоси онҳо ошкор нашавад. Маҳз наҳзатиҳо буданд, ки бо маслиҳати солҳои 90-ум хазинаи тиллоии зиёиён - арбобони сиёсӣ, нависандагон, олимон, духтурон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносон ба қатл расонида мешуданд. Баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, наҳзатиҳо шахсони бемаълумот ва таасубкорони диниро ҷалб мекарданд. Маблағи асосии хоҷагонашонро аслан роҳбарон барои қаноат кардани нафси худ истифода мебурданд. Аммо вақтҳои охири дар фаъолияти наҳзатиҳо боя як қатор ҷиноятҳояи дигар ошкор гардид, ки ба маънавиёт, иқтисодиёт ва саломатии одамон таҳдид мекард. Вақте, ки аз ҷониби наҳзатиҳо ҷиноятҳои содиркардаашон ошкор мешуд, онҳо дар тамоми ВАО шуру ғавғо меандохтанд, ки гуё ба ном исломиҳо зери фишор қарор дошта бошанд. Ҳол онки корашон дар ислом ин бо назардошти хостҳои донорон аз як мазҳаб ба мазҳаби дигару аз дигараш ба дигараш парида гузаштан буд. Ин ҳолат то ҳол давом дорад.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон аз ҳамаи он хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардумро аз роҳи худ гардонад.

С. Ш. Ашуров, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg