БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА МУАЙЯН ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб дар ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ" маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳа баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "МНДСЭ" Назаров Мирзоали дар борои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», вазъи сиёсии ҷаҳон, изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.

Ҳамзамон, атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg