ДАНҒАРА. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маориф” бо аъзои фаъоли ташкилот маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис ҳисоботи нуҳмоҳаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуда, сипас аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба иҷрои саривақтии “Обуна – 2022” ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ дар ташкилот ва дигар корҳои дарпешистода суханронӣ карда шуд. Дар охири маҷлис қарорҳои дахлдор оид ба рафти маҷлис қабул карда шуд.