ВОСЕЪ. Боз 3000 метр роҳҳои байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамвору мумфарш карда шуданд. Ин тадбири муҳиму созанда, ки аз дастуру ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ибтикори соҳибкорони хайрхоҳ ба анҷом расонида шуд.
Тибқи иттилои масъулин, дар ҷамоати деҳоти мазкур корҳои мумфаршкуниро мутахассисони таҷрибанок ба сифати хуб анҷом дода, истодаанд, ки то ба ҳол корҳои он ҷараён дорад.
Бояд қайд намоем, ки аз ин иқдом сокинон хеле шоду мамнун гардида, миннатдории худро ба соҳибкорон ва ташкилкунандагони ин иҷдоми нек расониданд.