ВОСЕЪ. Аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати санитарию эпидемиологи”-и ноҳия омӯзиш оиди ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ дидан намуданд.
Ҳангоми санҷиш маълум гашт, ки дар ташкилоти ибтидоии мазкур ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ ба роҳ монда шуддааст, ки аз ҷумла ҳисоботҳо, протокол, нақшаи корӣ ва баргузории соатҳои сиёсӣ ба назар мерасад. Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни санҷиш барои боз ҳам тақвият бахшидани тарзи корбарӣ баъзе маслиҳатҳои муфид ва камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта ёрии методӣ расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ташкилоти ибтидоии номбурда яке аз ташкилотҳои фаъол буда, бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамкории зич менамояд ва инчунин ба нашрияҳои ҳизбӣ пеш аз ҳама обуна шуда, нақшаро ба анҷом расонидааст.