БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ЯГОН ЗАРУ ЗЕВАР НАМЕТАВОН ВАҚТРО БАРГАРДОНД

АНДЕША. Ин қонунро ҳамаи инсоният медонад. Аммо дар бештари маврид нотавонии худро баҳона карда, вақти ҷудошудаи худро самаранок истифода намебаранд. Инсоният медонад, ки ҳар лаҳзаву ҳар соат мегузарад, ҳатто гузашти сол дар баъзан маврид эҳсос намешавад. Аз ин вақти гузашта баъзан нафарон хулосаи лозимӣ набароварда ба беҳбудии  оянда  умед мебанданд.

Олимону донишмандони мо дар тамоми асарҳои боқигузоштаи худ таъкид намудаанд, ки вақт қиматтарин аст ва онро бояд тибқи реҷа ба иҷрои коре сарфа намуд. Беҳуда гузаронидани вақт барои ҳар як инсон зарар дорад. Мо агар дар синну соли наврасиву ҷавонӣ вақти худро аз рӯи реҷа истифода набарем, наметавонем ба мақсадҳои ниҳоии худ бирасем.

Истифодаи самараноки вақт ба мо имконият медиҳад, ки дониши худро сайқал дода, тани худро солим ва баъзан доираҳои худро васеъ намоем.

Вақт беҳтарин неъматест, ки барои мо ҳар лаҳзаву сонияи он қиммат буда, баргардонидани он дигар ба мо муяссар нахоҳад шуд. Гузаштани умри инсон ҳеҷ аст, аммо аз худи инсоният вобастагӣ дорад, ки ӯ чи гуна умри хешро мегузаронад. Агар ҳар нафар дар рӯзгори зиндагиаш ҷиҳати самаранок истифодабарии вақт тадбирҳо андешад,  баъди соле натиҷаи хуберо ба даст меорад. Агар танбалӣ кунаду ину онро баҳона ҷӯяд бисёрии вақташ мегузараду ба ҳеҷ кораш намерасад. Сипас,  дар синну соли пиронсолии ба ғайр аз таассуф хӯрдан дигар чорае надорад.

Дар аёми донишҷӯӣсухани яке аз устодҳо ҳеҷ вақт аз хотирам намеравад, ки ӯ бо таъкид мегуфт: “агар Шумо ҳар рӯз 5 калима аз се забон азёд кунед баъди як сол аз забондонии худ дар ҳайрат хоҳед монд” дар ҳақиқат дуруст мегӯяд 5* 365=1825 калима дар як сол мешавад. Бубинед, ки натиҷаи гуфтаи устод чи мешавад дар давоми як сол. Ин кӯчактарин амал аст, агар мо ҳамагӣ 10 дақиқа вақти хӯдро самаранок истифода намоем.

Аз ин лиҳоз хонандаро зарур аст, ки аз ҳамин лаҳза шурӯъ намуда, ҷиҳати самаранок истифод бурдани вақт биандешад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg