БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН…

ВОКУНИШ. Дунё ҷоест, ки инсон ҳунарҳои зебои худро бояд ба намоиш бигузорад. Беҳтарин ҳунар, зеботарин ҳунар ин некӣ аст. Бузургони миллат гуфтаанд: «Некӣ куну дар Даҷла андоз, ки Эзид дар биёбонат диҳад боз» некӣ амалест, ки онро Худо дӯст медорад, чунки Худо худ нек аст ва ба ҳама некӣ мекунад.

Дар дунё кам нестанд касоне, ки танҳо аз пайи некӣ гаштаанд, онҳо хуб медонанд, ки одамон муҳтоҷи ёрианд.

Сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати барӯманди тоҷик аз рӯзҳои фаъолияти хеш то ба имрӯз худро як марди оқилу кордон, дилсӯзу ғамхор, поксиришту накӯхисол, роҳнамою ҳидоятгари баору номус нишон доданд. Ӯ пӯлодеро мемонад, ки дар кӯраи тафсон обутоб ёфта, пухта расидааст. Ӯ пӯлодест, ки чизе газандаш намерасонад.

Ба ӯ боде, оташе, селе дигар таъсир карда наметавонад расонид. Чаро? Зеро ки Худо ёри ӯст. Ҳастан имрӯзҳо бадхоҳони миллат, ки ӯро аз дуриҳо санг заданӣ мешаванд, аммо сангашон ба худашон мезанад. Хизматҳои ӯ, дастовардҳои ӯ беҳисобанд. Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дарси мардонагист. Бояд онро дигар миллатҳо омӯзанд, дар амал ҷорӣ созанд, мисли он амал намоянд. Тоҷикистоне, имрӯз ба як кишвари гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Роҳҳо, корхонаҳо, муассисаҳои гуногун, аз ҳама муҳим одами нав гувоҳ бар он аст, ки ин шахсияти таърихӣ кори мушкилро анҷом додааст.

Ин марди шариф дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳми аз ҳама бузургро гузошт. Ин на бо роҳи зӯрӣ, балки бо кӯшишу ғайрат, часпу талоши аз сидқи ин бузургмард ба даст омад. На мисли касоне, ки мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ ҳукмрон бошанд. Ҳукмронии базӯрӣ поянда нест:

Кас натавонад гирифт, домани давлат ба зӯр,

Кӯшиши беҳуда аст, сурма ба чашмони кӯр.

Агар хизматҳои ин марди шарифро дар бунёду тараққии кишвар ҳисоб карданӣ бошем, ҳисоб карданашон душвор аст, чунки онҳо беҳисобанд. Мо танҳо назаре ба ноҳияи дурдасти худамон мекунем, ки чӣ навгониҳо шудааст.

Муъминободи кӯчак имрӯз диёреро мемонад, ки ҳатто дар хоб ҳам тасаввур карда намешуд.  Муассисаҳои таълимии замонавӣ, боғчаҳои кӯдакона, варзишгоҳҳои диданӣ, боғу гулгаштҳои зебо, иморатҳои боҳашамат, корхонаҳои хурди гуногун самараи Истиқлолият ва фаъолияти Сарвари давлатанд.

Имрӯз вақте ки роҳ ба сӯйи Муъминобод мегирӣ, аз шаҳри Кӯлоб баромадан замон дилат кушода мешавад. Чаро? Зеро ки роҳе, ки туро ба ин ноҳия меорад, зебою диққатҷалбкунанда буда, расиданро нафаҳмида мемонӣ. Ин роҳ чанд моҳ пеш роҳе буд, ки мошин дар як соат ба манзил мерасид. Имрӯз бошад, ин роҳи яксоата дар сӣ дақиқа ба манзил мерасонад.

Боғи истироҳатӣ-фароғатӣ, ки дар даромадгоҳи ноҳия қомат рост кардааст, ҳусни ноҳияро дучанд кардааст.

Хулоса ҳама ҷо зебо, ҳамагӣ хурсанду шоданд. Шукронаи он мекунанд, ки Сарвари оқилу кордон доранду Ватани зебо.

Дастовардҳое, ки кишвари мо дар давоми Истиқлолият ба даст овардааст, бевосита аз хизмату талошҳои Сарвари давлат вобастаанд. Барои ин марди таърихӣ, барои фаъолияти ояндаи ӯ хушию хушбахтиҳои рӯзгорро таманно дорем. Бигузор мурғи бахту иқболу саодати ӯ дар парвоз бошаду Тоҷикистони азизи моро боз ҳам ба қуллаҳои баланди мурод бирасонад.

Суханони ин марди шариф, ки чандин сол пеш гуфта буд, имрӯз амалӣ гашт. Ӯ гуфта буд:

«Миллати азизам, аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем!»

Р. Ҳайдарзода, корманди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg