ВОКУНИШ. Дар воқеъ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии кишвар на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хосаи дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Бе муҳобот обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардид. Пешвои муаззами миллат дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати озод худро ҳамчун шахси дурандеш ва ақидаи устувордошта нишон дод. Он солҳои вазнине, ки гурӯҳҳои мухолифини кишвар ба сари мардуми осоишта ба бор оварданд, Пешвои миллат баҳри боздид аз он мушкилиҳо бевосита худ ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми ҷангзада мулоқот мегузаронду дилбардориашон менамуд, Чунки Пешвои миллати мо худ аз халқ аст ва бинобар ин мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ҳамаҷониба бахубӣ дарк мекунанд ва ин аст, ки дар шароити басо мураккабу пурпечутоби минтақа баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани равобити байни кишварҳои дӯсту бародар, таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар дигар мамлакатҳо дар хориҷи кишвар қарор дорад. Албатта, ҳамагон медонанд, ки санаи 12-октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуданд. Ин сафари Пешвои миллат чун сафарҳои қаблиашон баҳри муаррифии миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, бори дигар ҷонфидо будани худро барои миллат ва халқи тоҷик исбот намуд. Вале мутаасифона ҳасатанд кӯрдилону тангназароне, ки ҳама ин заҳматҳои Пешвои маҳбуби халқро нодида гирифта, ба сӯи Тоҷикистони азиз ва Пешвои муаззами мо санги маломат задан мехоҳанд, вале мақсади нопок, ки доранд тири буҳтонҳояшон гашта ба сари худашон меояд. Оё он носипосон ва кӯрдилону беватанони хоин боре аз худ суол мекарда бошанд, ки мо барои беҳбудии халқ ва пойдории сулҳу субот, гулгулшукуфоии ин сарзамини куҳанбунёд, барои ин миллат чӣ кардаем, ки имрӯз бо якчанд гумроҳоне, ки ҳатто онҳоро инсон гуфтан нашояд дар ҳар гӯшаи Аврупо бо рафтори касифонаи худ гирдиҳамоӣ менамоянду ба миллату давлати мо иснод оварданӣ мешаванд, вале фориғ аз оне, ки миллати тоҷик аз хурд то бузург кайҳо кору амали ин аҳримансириштонро фаҳмидаю дар ошкору ниҳон ба онҳо лаънат мехонанд. Чунки ин касифони бе аслу нажод он даҳшатеро, ки солоҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик оварданд, то ҳол фаромӯш нашудааст. Ин кӯрдилони разилро фикр мекунам то агар Худованд он пардаи зулмотро аз пеши чашмони ин Худобехабарони бо ном мусалмон набардорад инҳо аз туҳмату ғайбат ва сафсатагӯиҳояшон монданӣ нестанд чунки мегӯянд:
Кӯрдилон аз кӯрдилӣ кӯранд нобино яқин.
Ман барои ҳар бинои нобино ғам мехӯрам.
Албатта, ин нотавонбинон, ки тамоми талошҳояшон зери роҳбарии Муҳиддин Кабирию якчанд ашхоси бенасаб сари қудрат омадан буду тирашон ба нишон нарасид, имрӯз зери фишори хоҷагонашон намехоҳанд, ки мардуми тоҷик осудаҳолона зиндагӣ намоянд ва Тоҷикистон ба кишвари пешрафта табдил ёбад ва ба ҳаргуна буҳтонҳои пучу беасос мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд. Лекин бо итминони комил иброз медорам, ки имрӯз мардуми сарбаланду сулҳҷӯи тоҷик аз хурд то бузург, чӣ дар хориҷу, чи дар дохили кишвар зери роҳбарии Пешвои миллатдӯсту раъиятпарвари худ ифтихор аз амонии кишвар, суботи сиёсӣ ва мутаҳидии миллат намуда, намегузоранд, ки ба Истиқлоияти комили кишвар ва Ваҳдати сартосарии миллати азизамон газанде расад. Чунки ҳамаи ин дар арафаи тантанаҳои истиқлол ва таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чеҳраи тамоми сокинони мамлакат намоён буд.
Поянда бод, Ваҳдати сартосарӣ ва муттаҳидӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод