БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪТИРОЗИ ҒАЙРИҚОНУНИИ АЪЗОИ ГУРӮҲИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ВА ГУРӮҲИ 24 -РО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ВОКУНИШ. Тавре ки мо шаҳрвандони мамлакат медонем  муддати 3-4 рӯзи  ахир тибқи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла щоҳигарии Белгия, Франсия, Полша ва Литва қарор гирифта, ҷиҳати ҳамкории мутақобилаи дипломатӣ  дар самтҳои гуногуни давлату давлатдорӣ ва қазияи ҳамсоякишварамон Афғонистон  сафари расмӣ  анҷом дода истодаанд.

Аз ин сафари расмии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва гурӯҳи 24, ки дар давлатҳои аврупоӣ панаҳ бурдаанд,  сӯйистифода намуда,  эътирозҳои бемантиқу бепояро бобати паст задани шаъну шарафи миллати тоҷику  тоҷикистониён дар шаҳрҳои Парижу Вилнюс  доир намуданд. Ин эътирози доирнамудаи хоинони миллатро мо сокинони сарбаланди тоҷик қотеъона маҳкум намуда, ин тоифаи бадхоҳонро ҷузъ сагони дайдуе, ки ба бемории ҳорӣ гирифторанд, беш намедонем.

Ин пастфитратон  як чизро нағз медонанд, ки дар пушти сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10 миллион шаҳравандони кишвар бо умеди нек дуои хайр, нияти нек ва афкору пайкори хайрхоҳона аз ин марди ҷонфидои миллат  интизорӣ мекашанду аммо асолатбохтаҳои аврупоӣ   бо ин кирдори муғризонаашон  амалҳои ифротгароёнаро ба ҷаҳониён ба намоиш мегузоранд.

Ин худфирефтаҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби онро намуда  истодаанд, ки ба қавли худи онҳо  «муборизони сиёсӣ», яъне шахсиятҳое, ки ба ҷомеаи на танҳо Тоҷикистон,  балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  пайваста хатарҳои нав ба навро эҷод месохтанду баҳри амалӣ сохтани нияту омоли муғризонаашон ҳеҷ як  инсон ба қадри донаи арзане қадре надошту надорад, ки имрӯзҳо бо ҳукми додгоҳи кишвар паси панҷара қарор доранд, озодии онҳоро талаб доранд. Мо аз хонандаву истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ  фақат инро  хоҳиш менамоем ва савол карданием, ки дунболи ин тоифаи худобехабарон нагарданду   қазоват намоянд, ки шахсияте, ки пайваста ба корҳои зишти ғайриинсонӣ  машғул мегардаду ба ҷомеаи солими шаҳрвандӣ ва ба ҳаёти амну осоиштаи мардум халале ворид месозад,   аз чунин тоифа  имрӯз ва оянда чиро интизор  хоҳем буд?

Ба фикри банда аз чунин тоифа ба ғайр  иғвоангезию амалҳои зиддиинсонӣ ва ҷангхоҳиву ноором сохтани сохти конститутсионии ин ё он мамлакат дигар чизеро интизор нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ мо сокинони сарбаланди миллати куҳанбунёди тоҷик аз чунин гурӯҳҳои бадхоҳи муғриз нафратамон меафзояду пайваста лаънаташон мехонем.

Зинда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Пешвои миллат ва нест бод хоинони миллату давлати Тоҷикистон!

Неъматов Абдуҷаббор,  корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg