БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МО – ТЕША БА РЕШАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ!

ВОКУНИШ. Суботу амният ва оромии кишвар василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, осоиштагии мардумро таъмин менамояд.

Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ дар қатори волотарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат қарор дорад, ки халқи тоҷик бо иродаи қавӣ ва боварӣ ба ояндаи нек таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он дастёб гардидааст.

Мубориза бурдан ба терроризму экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Таърих исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, диндорони бесаводу чаласавод буд ва мемонад. Ягон нафар мутаффакирони донишманди замони гузашта ва муосири халқи тоҷик бар зидди дини мубини Ислом набаромадаанд, балки онҳо хурофот, бесаводӣ, ҷаҳолатро зери танқид қарор додаанд.

Имрӯз ободкорию созандагӣ, покию самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик далели гуфтаҳои боло мебошад. Мутаассифона  дастовардҳои бесобиқаи Тоҷикистони азизро дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки бо чашми ғараз нигариста, дар пайи манфиатҳои хеш, ғулом ва фармонбардори қувваҳои бадхоҳ шуда, ба хиёнат зидди миллату давлат даст мезананд.

Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад.  Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандозӣ намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёд мегардад.

Мо халқи  Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарҷамъ  шуда, барои  оромию осудагии Ватани маҳбубамон талош меварзем.

Камолиддинзода Ҷомӣ,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg