БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №3” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон зимни суханронӣ ои ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  ибрози андеша намуда,  гуфт, ки ҳазорон нафар имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои дигари низомӣ шомиланду барои давлату миллат хизматҳои мондагор намуда истодаанд. Воқеан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як шаҳрванд, бахусус насли ҷавон шарафи ҷавонмардист. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд ва ҳастанд нафароне, ки фарзандони худро пиҳон ва ба муҳоҷират равон мекунанд ба ҷои оне, ки онҳоро дар руҳияи вантандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд. Вазифаи мо сохторҳои ҳизбӣ аз он иборат аст, ки бо чунин оилаҳо суҳбат намуда, онҳоро барои иҷрои вазифаҳои шаҳрвандиашон ҳидоят намоем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg