БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ДЕҲАИ ФИРӮЗ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иштирок дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фирӯз” ба ташкилоти мазкур ташриф оварданд.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи  ҳизбиён шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ иштирок карда, дар назди иштирокчиёни маҷлис барои  дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳизбиёни ташкилотро мебояд ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар аксияҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон оид ба пешгирии бемории коронавирус ва дигар мавзуҳои муҳим суханронӣ кард шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg