ШАҲРИТУЗ. Бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Байторї» ва иштироки сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Хуҷаев Саидаҳмад вохȳрӣ баргузор гашт.
Дар вохȳрӣ Саидаҳмад Хуҷаев оид ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, моҳияту муҳтавои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон фаҳмонид.
Ҷамъомадагон суханрониҳои судманди мавсуфро якдилона ҷонибдорӣ карда, зикр карданд, ки дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он саъюу талош менамоем.