БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ба қудрати созандаи халқ такя мекунад

А.ҶОМӣ. Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, давра ба давра ҳадафҳои мушаххасе гузошта шудааст, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи моро фаро гирифта ва метавон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки бо саъю талоши аъзои ҳизб ва пуштибонии мардуми вазифаҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, оид ба самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ дар яке аз маҳаллаҳои аз маркази ноҳия дурбуда, шаҳраки Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вохȳриву суҳбатҳоро бо иштироки қишрҳои гуногуни маҳаллаи мазкур баргузор намуданд, ки дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  вохȳрии мазкур нисбати мавзȳъҳои баланд  бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз  хатари тероризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон   ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ  аз  хатари ҳизбу ҳаракатҳои  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва ба амнияти кишвару аҳолии он хатарзо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот  бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии  он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ  дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, пешгирӣ  аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат  бо коррупсия ҳамчун  омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза  бар зидди нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ  аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои милоӣ ва дуруст сафарбар  кардани корҳои хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон  дар  самти паст  кардани  сатҳи бекориву камбизоатӣ дар  заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ низ  маълумотҳои судманд дода шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg