ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, даъвати ҷавонон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба роҳ монданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳамзамон ниқобҳои муҳофизатиро тақсим намуданд.