БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДУ НУМӮИ КИШВАР ХЕЛЕ НАЗАРРАС МЕБОШАД

АНДЕША. Ҳар одаме, ки шахсан бо фаъоляти хоҷагӣ машғул аст ва ба кору фаъолияти бозорӣ аз рӯи хоҳиши худ кор мекунад, соҳибкор мебошад.

Воқеан ҳам нақши соҳибкорон дар пешрафти Тоҷикистон назаррас буда, он барои расидан ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо, ба ҷойҳои кории нав таъмин намудани аҳолӣ ва афзун кардани бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми соҳибкорон кам нест. Яке ба бунёди корхонаву муассиса ва дигаре бо сохтани хонаҳои истиқоматӣ, бунёди роҳҳову садҳо иншоотҳои дигар саҳми худро дар рушди Тоҷикистон мегузорад.

Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳоро барои соҳибкорон фароҳам овардааст, то ки соҳибкорон бе мушкилӣ фаъолият намоянд.

Дар ноҳияи овозадори Восеъ низ соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша хеле зиёданд. Онҳо пайваста корҳои хайреро баҳри зиндагии шоистаи мардум анҷом медиҳанд, ки шоистаи таҳсин аст. Ҳазорон нафар онҳоро дуои хайр менамоянд.

Хулоса, имрӯз саҳми соҳибкорон дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон назаррас буда, онҳо дар зери ҳимоя ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳоро зарур аст, ки бо дарки маъсулият ва аз рӯи қонунгузории амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg