ҚУБОДИЁН. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҷамоати шаҳрак” “Аҳмади Дониш”, “И. Сомонӣ”, “Ҷавонӣ”, “Абӯалӣ ибни Сино” ва “Саъдии Шерозӣ” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳмонов Алишер маҷлиси ҳисоботии нуҳмоҳа баргузор гардид.
Зимни баромад Шарипова Дилафрӯз раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба 9 моҳи фаъолияти худ баромад намуд. Шарипов Сайнуриддин раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳрак” дар бораи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб суханронӣ карда, барои ба тартиб овардани утоқ ва ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ба кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дода, таъкид кард, ки аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, аз ҷумла амалисозии аксияҳои ҳизбӣ ва супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ, рафти “Обунаи -2022” ба нашрияҳои “Минбари халқ”, ва “Ҳамрози халқ” бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии саҳмгузорӣ намоянд.