БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҲУНАРИ ГУЛДӮЗИИ ЧАКАН БАҲРАМАНД БОШЕМ

АНДЕША. Чакан таърихи хеле қадима дорад. Пайдоиши гулдӯзии чакан, бешубҳа бо пайдоиши кирмаки пилла ва роҳи абрешим дар ин сарзамин пайванд аст. Зеро риштаҳое, ки баҳри гулдӯзӣ истифода мебаранд, аз нахи пилла тайёр мешавад. Пироҳани чакан бо нақшҳои гуногун оро ёфта, зебою мафтункунандаанд. Оре, вожаи чакан таи солҳои охир хеле маъмул гардид, ки модарону бонувони мо дар иду ҷашнҳо  аз ин пироҳани гулдӯзӣ ба бар мекунанд. Чодари деворӣ, тоқӣ ва болиштҳои гулдӯзии рангоранг, тоқию болишт ва сӯзаниҳои пурнақши бо чирадастӣ дӯхта шуда, басо сертаровату назаррабоянд, ки гӯё, дар он гулҳои табиати зинда ҷилва доранд. Нақши чакану гулдӯзиҳо дар ороиши ҷиҳози арӯс хеле зиёд дида мешуд. Хушбахтона, дубора ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардид. Албатта, ҳоло бонуи тоҷик  куртаҳои чакану атласи зебанда ба бар карда симои тоҷиконаи худро муаррифӣ менамоянд. Ҳоло ҳар як духтаре, ки ба воя мерасад, ҳатман аз ҳунари гулдӯзи бархурдор аст ва лозим мешуморад, ки ҷиҳозашро бо  дарзу пироҳани гулдӯзӣ оро диҳад. Албатта, ҳоло низ намудҳои пироҳани чакане ҳаст, ки  бонувони моро зебою ҷолиб ҷилва медиҳад. Бо ҳидояти модарон ҳунари гулдӯзии чакан  ҳанӯз аз кӯдакию наврасӣ бо завқу хоҳише дар  ниҳоду табиаташон падид меоянд. Вале Худоро шукр, ки ин анъанаи пешиниён, ин ҳунари чандинҳазорсолаи  мо аз байн нарафт,ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ шуд. Дар ҳақиқат,ба инсон, пеш аз ҳама, аз либосаш баҳо медиҳанд.                                                                                                                                                                                                                           

Баръакс гулдӯзиҳои  чаканро солҳои охир ҳунармандони чирадасти махсус бо як маҳорати аҷиб рӯи матоҳои гуногун меофаранд.Нақшҳое, ки рӯи матоҳои сурху сафед ва зарду сабз ҳаётӣ шудаанд, хеле аҷибанд, ки дар пироҳанҳо ва чодари деворӣ косагул мавқеи асосӣ дорад, ки он рамзи меҳр – офтоб мебошад.

Масалан ҳоло дар ҷашни арӯсӣ бо пироҳани чакани тоҷикона арӯсро ба хонаи бахт гусел мекунанд. Оре, чакан осори беҳтарин гулдӯзии тоҷикон буда, месазад, ки дар оянда низ бештар ин ҳунар ривоҷу равнақ ёбад.

Хушбахтона, ҳоло таваҷҷуҳ ба ин пироҳани чакан бештар шудааст, ки ҳифзу эҳёи он ҳама суннатҳои миллатсоз натанҳо дастовардҳои фарҳангӣ, балки вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мост.

Пас, биёед, бонувони азиз, фарҳанги пироҳани чакану гулдӯзии хешро аз нав эҳё намоем ва ба ҳусни рӯзафзуни ботиниамон биафзоем.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg