БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ КАҶ ҲЕҶ ГОҲ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

ВОКУНИШ. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, дар таърихи гузашта “Хавориҳ”, “Ваҳобия”, вақтҳои охир “Салафия”, имрӯз ба номи “Террорист”, пас фардо дар зери кадом ниқоб хурӯҷ мекарда бошанд?

Яке аз масъалаҳое, ки хеле муҳим арзёбӣ мешаванд ва ҷомеаи имрӯзаи моро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи хурофоту таассуб, баҳсҳои бемаврид ва ривоҷ ёфтани онҳо дар байни мардуми осоишта мебошад, ки ҳатто қисмати зиёди ин зуҳуроти номатлуб дар фикру амали гурўҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеа ҷой гирифтааст. Ҳамзамон чун фарҳанги мо шинохта шуда, офати бисёр хатарнок ва калонеро барои давлату миллат ва ҳам барои дини муқаддаси Ислом ба миён меоварад. Омӯзиши урфу одатҳо хеле аҳамияти бузурги амалӣ дошта, бисёртарини онҳо ба фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо тааллуқ доранд ва таҳқиқоту корбарии онҳо моро водор месозад, ки раванди тараққиёти миллатро муайян созем ва нагузорем, ки аз ин роҳу усул истифода баранд.

Барои дуруст андешидан доир ба табиати уруфу одатҳо яке аз масъалаҳои муҳиму ҳаёти илмии мардумшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Мардуми мо урфу одатҳое, ки дар сайри таърихии фарҳанги миллӣ ҳамчун нишонаҳои роҳ қарор доранд. Дорои маънӣ ва моҳияти хеле бузурге ҳастанд, ки бо боварии том метавон гуфт, ки инро тасаввур кардан хеле мушкил аст. Дар таърихи тоҷикон ва таърихи дини ислом далелҳои раднопазире вуҷуд доранд, ки табиат ва моҳияти урфу одатҳои тоҷикон ба дин хеле наздик арзёбӣ меёфт ва ин барои пешрафт ва шукуфоии фарҳанги миллии мо хеле аҳамияти бузург дошт ва то ҳол дорад, ки далели ин гуфтаҳо фарзандони ин миллати бузург ҳастанд. Мисли Абӯҳанифа (Нуъмон ибни Собит) ўро тамоми ҷаҳони ислом мешиносанд ва зиёда аз 60 фоизи дунё ба ў пайравӣ доранд, мову шумо шоҳиди онем, ки бо ташаббус ва роҳбарии боз як қаҳрамон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 2009, Соли бузургдошти Имоми Аъзам) эълон гардид.

Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба дину диёнат, муомилот ва таърихи мазҳабии тоҷикон бо ҳидоят ва дастуроти эшон тарҷума, таҳия ва нашр шудани Қуръони Карим ва чанд адабиёти илмӣ-амалӣ аз афкору осори муътабари маорифи ислом басе муассиру судманд воқеъ гардиданд, ки ҳама як урф, як одат, як андеша ва як мактаб доштанду бас, дигар мақсаде дар ин ҷо вуҷуд надорад, фақат яктопарастӣ, ваҳдату дўстӣ байни одамон аст. Робитае, ки дар байни дин ва урфу одатҳо вуҷуд дорад, дорои пайвасти аниқ буда, барои зиндагии рўзмарраи ҳар як инсон ва хусусан барои мо мусулмонон зарур мебошад, мисли рукнҳои ислом аз ҷумла намоз, ки ин гурӯҳи осебпазир аввал дар байни мардуми мо аз намоз сар карда, баъдан ба урфу одату анъанаҳои миллии мо даст зада, дар охир маълум шуд, ки инҳо ҳамон гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ буда, мақсадашон ба як давлати тинҷу обод зарарҳои моливу ҷонӣ расонидан аст, ки тирашон хок хоҳад хўрд ва мақсадашон барбод хоҳад рафт. Чунон ки гузаштагон гуфтаанд: “Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад”.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки фардои Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз дурахшон ва яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хоҳад гашт, зеро мо сарвари ягона ва роҳбалади хирадманду оқил дорем.

Сайфулоев Раҳмиддин,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg