БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИДОМАДИҲАНДАИ НАСЛИ БАШАР

БОХТАР. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 -и шаҳри Бохтар вохӯрии намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ва Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тарзи дуруст истифода намудани сомонаҳои иҷтимоӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ баромадкунандагон аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳимояи Ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамоянд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд. Чуноне, ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».

Инчунин, Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро падарона насиҳат намуда, дар мавриди ҳурмати калонсолон, тарзи баёни ширину боадабона ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон пайваста кӯшиш менамоянд ва мегӯянд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми чанд соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист», ки ин ҳам яке аз нишонаҳои боварии Ҷаноби Олӣ ба ҷавонони кишвар мебошад.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, иштирок намудан дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-ватани маҳбуби ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, паст намудани ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ғайра ибрози назар карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg