БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБКОРОН ДИЁРИ ХУДРО ОБОД МЕКУНАНД

АНДЕША. Соҳибкорон  ҷиҳати ободонии диёри худ саҳмгузорӣ намуда, мехоҳанд барои наслҳои оянда аз худ ободкориҳоро боқӣ гузаронад. Ин талошу заҳматҳои соҳибкорон барои азнавсозӣ, ободонӣ ва дастгирии ниёзмандону камбизаотон мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои соҳибкорон як қатор имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр иди касбӣ, Рӯзи соҳибкорӣ эълон гардида, ҳамасола дар кишвар қайд мегардад. Имрӯз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро қабул намудааст. Инчунин, дар ин самт барномаҳои давлатӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ замина мегузоранд.

Дар ноҳияи Восеъ таи се соли охир соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳоро ба иҷро расониданд. Онҳо аз сохтани мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасониву савдо ва то роҳсозиву сангфаршкунии роҳҳо корҳои бузургеро ба иҷро расониданд. Бо ташаббуси соҳибкорон таи се соли ахир дар ноҳия майдончаҳои хурди бозии футболи болопӯш, ҳавзи шиноварӣ, обёрӣ, бунёди боғу гулгаштҳо, биноҳои баландошёна ва ғайра сохта ба истифода дода шуда, шумораи зиёди шаҳрвандон дастгирӣ ёфтанд.

Соҳибкорон яке аз механизмҳои пешбарандаи давлат ба ҳисоб мераванд. Дар шароити имрӯза онҳо ҷиҳати ободонии диёри худ саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Чунин амалҳои ободкоронаи онҳо бештари мушкилотҳои маҳаллиро аз байн бурдааст. Онҳо доимо дар фикру андешаи ободонии диёр буда, нақши худро дар пешрафт ва рушди кишвари азизамон мегузоранд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg