БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  ноҳияи  Носири  Хусрав  маҷлисҳои ҳисоботӣ  оид ба  фаъолияти нуҳмоҳа   баргузор  гардида  истодаанд. 

Ин  навбат дар  ташкилоти  ибтидоии “Маорифчиён”     баргузор  гардид.

Доир  ба  масъалаи якуми  рӯзномаи  маҷлис раиси     ташкилоти  ибтидоии деҳаи  “Маорифчиён” аз  фаъолияти  нуҳмоҳаи   ташкилот   ҳисобот   пешниҳод  намуд. Дар  ҳисобот оид ба  масъалаҳои  ҳалталаби  ташкилоти  ҳизбӣ ва  корҳои  ба  анҷом  расонида,   ҷиҳати   таблиғи  Оиннома  ва Барномаи  ҳизб, ҳаракати  аъзои  ҳизб тибқи  нишондоди «Роҳнамо  барои  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.      

Оид  ба самтҳои  афзалиятноки  Ҳизби  Халқии  Демократи  Тоҷикистон, татбиқи  қисмати  амалӣ Аксияи  «Якҷоя месозем!» , «Тозагии  маҳал» корҳои  ободонию  созандагӣ бахшида  ба  таҷлили  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳури  Тоҷикистон   аз ҷониби  аъзои  ҳизбӣ  ташкилот амалӣ  намудаашон  ахборот  пешниҳод гардид.

Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти  ибтидоии ҳизбӣ аз  рӯи  масъалаҳои муҳокимашуда  қарорҳои  далдор қабул  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg