БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алиҷон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахдор қабул карда шуданд.

Назарзода Алӣ Исмон зимни суханронӣ дар бораи  даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, гирдиҳамоиҳои мухолифини тоҷик дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ибрози андеша намуда, таъкид сохт, ки мо ҳушёриву зиракии сиёсиро бояд аз даст надиҳем ва ба дассисаву иғвоангезии онҳо вокунишҳои саривақтӣ пешниҳод намоем.  Ҳамзамон мавсуф қайд кард, ки ба буҳтону дассисабозиҳои беасоси чанде аз хоинони миллат, ки аз дур истода ба домони поки кишвар хок мепошанд, гӯш надиҳем ва дар ҳама ҳолат ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg