БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ФАРХОР. Бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Боғчаи №1 маҷлиси ҷамъбастӣ  оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Боғчаи №1" баргузор гардид.

Сараввал ҷамъомадагон ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Боғчаи №1" Қаноатова Мунираро дар борои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.

Ҳамзамон намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба роҳбари ташкилот ва ҳамаи аъзои ҲХДТ барои саҳми арзандаашон дар пешвзгирии самимӣ аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, сипос ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат дастуру тавсияҳои судманд доданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки нисбат ба кори ҳизбии ташкилот хунукназарӣ нанамоянд ва тибқи Низомнома ва Оинномаи ҳизбӣ корро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg