БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТИРИ АДУ БА ҲАДАФ НАХОҲАД РАСИД…

ВОКУНИШ. Сафари кори Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо бори дигар гувоҳи он аст, ки имрӯз аксарияти давлатҳои мутараққии дунё роҳи пешгирифтаи сиёсати дохилию хориҷии Роҳбари маҳбуби мамлакатамонро эътироф мекунанд ва барои ҳалли масъалаҳои мубрами олам бо эшон паси миз гуфтушунид барпо менамоянд.      Лекин мутаассифона гурӯҳҳои ноҷавонмардоне, ки худро «ватандӯсту», «ватанпарвар» меҳисобанд аз ҳасад чашмонашон кӯр шудаю сулҳу суботи саросарии кишвар ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, озодию хушбахтии мардуми тоҷикро нодида мегираанд. Ҳоло мардуми Тоҷикистон мардуми солҳои 90-уми қарни XX нестанд. Онҳо хубро аз бад ва сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ мекунанд. Иғвою дассисаҳои гурӯҳҳои ношукр, ки асоси фаъолияти онҳоро ташкил мекунад, имрӯз дар байни омма дастгирӣ нахоҳад ёфт. Рӯи рост бояд гуфт, ки хизматҳои Президенти кишварамон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ надорад. Ашхосе, ки дар Фаронса бо навиштаҷотҳои иғвогарона мехостан обрӯ ва нуфузи Пешвои миллатамонро коста созанд, бояд донад ва хуб дарк кунанд, ки «тири онҳо хок мехӯрад». Зеро мардуми кишвар дар симои ӯ шахси наҷотбахшу созандаю бунёдкори миллатро мебинад. Оё гурӯҳҳои болозикру иғвогар боре ба худ саволе додаанд, ки дар ватанашон, яъне Тоҷикистон гӯшаеро обод ва дасти муҳтоҷеро гирифтаанд. Албатта не. Пас бо кадом рӯй аз демократияю озодӣ ҳарф мезананд. Мо худ роҳу усул ва ё тактикаю стратегияи амали ноҷавонмардонаи онҳоро солҳои 90-уми асри гузашта бо чашми сар дида будем ва итминону имони комил дорем, ки роҳи пешгирифтаи Президенти мамлакатамон роҳи дуруст буда, дар рушди давлату давлатдории тоҷикон мусоидати ҳаматарафа мекунад ва мо сиёсати сулҳҷӯёнаю иҷтимоии Пешвои маҳбубамонро сидқан ҷонибдорӣ менамоем.

Файзизода Каримҷон, раиси КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg