ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун вохȳрии судманд таҳти унвони «Ҷавонон ояндаи дурахшони давлатанд» доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Фарҳод Обидов ба суханронӣ карда, иброз намуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъмини суботи ҷомеа ва тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мусоидат намудан дар татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама дар маъракаҳои интихоботӣ дастгирии номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони ҷумҳурӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҷалби ҷавонон дар бунёди ҷомеа ва ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, тарбия намудан дар руҳияи ватандȳстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳои Оинномавӣ, ки баҳри суботи сиёсии ҷомеа равона карда шудаанд, фаъолияташро пеш мебарад.
Ҳадафи асосии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мадди аввал дар ниҳоди насли наврас ва умуман ҷавонон бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, забони шевои модарӣ, пос доштани хотираи неки абармардону бузургони миллати тоҷик, муборизаи беамон ба муқобили ҳамагуна аъмолҳои зишти ҷомеа аз қабили нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сирояткунанда, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонидании варзиш миёни тамоми табақаҳои ҷомеа, созандагиву бунёдкорӣ, таъмини иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мавқеи устувори ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ва ба ин васила ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон мебошад.