Н.ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» баргузор намуда, ба маъюбони бистарии ноҳия вобаста ба имконияти молиявӣ кȳмак расонида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба мъюби бистарии сокини маҳаллаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳия Ҷумаев Мансурбек маводи хӯрока ба миқдори 500 сомонӣ кӯмак расонид, ки чунин иқдоми неку ватандȳстонаи ҳизбиён бори аввал набуда, дар арафаи иду ҷашнҳо пайваста роҳандозӣ карда мешавад.