БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ФАРДИ БО НАНГУ ОРИ ВАТАН АМАЛҲОИ НАНГИНИ ДУШМАНОНИ ВАТАНРО БОЯД МАҲКУМ НАМОЯД

ВОКУНИШ. Душманони  миллату  давлати  тоҷик, гурӯҳхои  террористӣ-экстремистӣ, аз  ҷумла ТТЭ ҲНИ, Паймони  миллӣ, Гурӯҳи -24 ва  ҳамаи  дигар  гурӯҳҳое , ки  мухолифини  давлату  Ҳукумат ҳастанд,  бояд  дониста  бошанд, ки  ин  Ватан ин  миллат  барои  худ  фарзандоне дорад, ки  баҳри  ободиаш, сулҳу  амониаш  ва  ҳифзу  ягонагиаш ҷони  хешро  нисор  мекунанд.

Ҳар  як  ҷавонмарди  боору номуси  кишвар  пеш  аз  ҳама  насли  ҷавони  он  дифоъи  ҳар  як  зарраи обу  хоки  Ватани  азизи  худро  вазифаи  муқаддаси  худ  дониста  намегузоранд, ки  ин  душманони  миллат  зиндагии  осоишта  ва  хушу  хурсанди  имрӯзаи  Тоҷикистони  азизро  халалдор  намоянд. Намегузорем, ки  ба  хотири  чанд ватанфурӯше,  ки ба  ҳар  гуна  равия ва  ҳаракатҳои  бегонаи тахрибкор  пайвастаанд, амнияти  кишвар, осудагии  модару  хоҳар, зану  фарзанд ва  билохира  номуси  мо  ба  хатар  афтад.

Имрӯз  аксарияти  он  нафароне, ки    ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  террористӣ  шомил  шуда, пайравони  равияҳои  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мамнуъи  салафӣ мебошанд,  бо гурӯҳу паймонҳо   ва  мухолифини   давлатҳо  ва гурӯҳҳои   террористию  экстремистӣ  ҳамкорӣ  намуда, ҷаласаҳо  баргузор  намуда, ба  онҳо  минбарҳо  медиҳанд  ва  худро  мухолифин  ва  бо  найрангу  ҳилла  ба  гумроҳӣ   кашида,  гӯё  онҳо  дар  Тоҷикистон  дучори  таъкиб шудаанд, кирдорҳои  ношоистаи  худро  идома  дода  истодаанд.

Имрӯзҳо ин  хоинони  миллат  дур  аз Ватан дар  давлатҳои  Аврупо маскан  гирфта, худро  дӯстдори  миллату кишвар нишон  дода,  ватандору  ғамхори  миллат  нишон  медиҳанд.  Онҳо як  чизро  фаромӯш  месозанд, ки   дар  ҳақки  ин  Ватан  чи  хизмат  кардаанд?  Оё барои  ободию  сарсабзии  он  ягон хиштеро болои  ҳам  гузоштаанд?  Ё ин  ки  барои  сарзабу хуррамиаш  ягон  бех  ниҳоле  шинондаанд. Пойтахти  Ватанамон       ва  марказҳои  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурии  азизамон ободу   гулзор  шуда, биноҳои  баландошёна  қомат  афрохта  истодаанд.  Маҳз  бо  кӯшишҳои  пайгиронаи Пешвои  миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  миллати  парешони  тоҷик  сарҷаъм  шуд, мамлакат  рӯз  аз  рӯз  обод  гашта,   пеш  рафта  гул- гул  шукуфта  истодааст, имрӯз  дар  чеҳраи  ҳар  фарзанди  тоҷик  нишоти  хурсандӣ, Ваҳдату  сулҳ падидор  аст.     Ватану  миллат  ин  ватанфурӯшону  хоинонро  кайҳо  фаромӯш  кард,  чунки  онҳо  барои  ин  Ватану  миллат ба  ғайр  аз  туҳмату  дурӯғ ва  муноқишаву хунрезӣ дигар  кореро  ба  анҷом  нарасонидаанд.  Онҳо  бо  шиорпарканиҳову  афсонапардозӣ худро  ғамхори   мардум  вонамуд  намуда, бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм  кардан  мехоҳанд.

Мардуми  шарифи  Тоҷикистон  ҳар  як  фарди  ватандӯсти  ин  кишвар  чи  будану  кӣ  будан   ва  чеҳраҳои  манфури  ин  гурӯҳхои  ифротиро   кайҳо  фаҳмида, ба  дурӯғу  сафсатаҳои  онҳо бовар  надоранд.

Бо  дарки  масъулият  мегӯем, ки  наҳзатиҳо  ва  думравони  онҳо  гурӯҳҳои  ифротӣ,  аз  ҷумла  ТТЭ ҲНИ, Паймони  миллӣ, Гурӯҳи  -24 ва  дигар   гурӯҳҳои  мухолифини давлату  ҳукумат ҳастанд  ягон  вақт  дар  фикри  пешрафти  кишвар набуданду нестанд.  Онҳо  мӯреро  мемонанд, ки  ба дарахти  сарсабзи истиқлолияти  давлатамон  часпида  мехоҳанд  шираи  онро  макида  хушк намоянд.

 Роҳбари  фирории    ТТЭ ҲНИ   Муҳиддин  Кабирӣ  ва  ҳаммаслакону  думравашон дар  хориҷи  кишвар  бо  дастгирии   хоҷагони хориҷиашон   бо  мақсади  андохтани  ҳар  гуна  низоъҳо   дар  бораи  Ватану  миллат, мазҳаб  ва  ғайраҳо  ҳангоми  иҷрои  вазифаи  хизматиашон, ҳангоми  сафари корӣ  ба  Ҷумҳурии  Франсия   ба  амалҳои  ноҷавонмардона  даст  зада,  ба  муносибатҳои   байни  Ҷумҳурии  Франсия  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон халалдор карданӣ   мешаванд.    

Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк  намуд, ки он ҳама  гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи  Ҳукумату  давлат  ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди  миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд. Агар  онҳо  дар  ҳақиқат   дӯстдори  миллат бошанд,  ин гуна  фитнаангезию  масхарабозӣ  набояд  кунанд. Барои  онҳо Ватан  ягон  арзиши  муқкадасот надорад на  давлату  миллат, на  падару  модар ва  на    дину  имон.  Онҳо  дар  хориҷ  иртиҷоӣ  шуда, нисбати  Ватану  миллат  худ таҳқиру  носазогӯиҳо гуфта ва  ин таҳкномаҳои  худро  шарм  надошта тариқи  видиоӣ паҳн  менамоянд. Онҳо  фикр  намекунанд, ки   наздикону  волидонашон, ки  дар  ин  кишвар  зиндагӣ  доранд,  дар  ҳолати  ногувор мемонанд.

Имрӯз  ҷавонони  мо  бояд  ҳушёру  зирак  ва  аз  авзои  сиёсии  ҷомеаи  ҷаҳонӣ бохабаранд, ҳамчун  фарзандони  бонангу  ори  Ватан ҳеҷ  гоҳ  ба  ин  душманони  миллат  роҳ  надиҳанд, ки пояҳои  Истиқлолияти  кишварро  заиф  гардонанд. Ин  сулҳу  салоҳ ва    оромии  ҷомеаро ҳифз  намуда,  кору  зиндагӣ  намоянд, манфиатҳои  миллӣ-Истиқлолияти  давлатамонро  ҳифз  намоянд.  Барои  ҳар  як  миллати  дунё доштани  Истиқлолият  шараф  аст, ки  мо  мардуми  шарифи  Тоҷикистон аз  ин  неъмати  бебаҳо  бархудорем. Насли  навраси  имрӯза  махсусан  ҷавонону  наврасони даврони  Истиқлолият бояд аз  ин ҳама  шароити  мусоиди  барои  зиндагӣ  фароҳамомада хуб  истифода намуда, баҳри  ободию гулгулшукуфии  Ватан талош  намоянд.

Муродов  Раҳмон, мудири  шуъбаи ташкилӣ ва  кор  бо  кадрҳои КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg