БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД...

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат бузургони мо на танҳо мардум ва ҳамдиёрони худ, балки тамоми аҳолии башарро ба мутаҳиддӣ ва сарҷамъӣ даъват намуданд. Асарҳои онҳоро дар тамоми давлатҳои дунё ба забонҳои гуногун мутолиа мекунанд ва як ҷаҳон маънӣ ба худ мегиранд. Дар васфи дипломатия робитаҳои хуби инсониву давлатӣ мисраҳои шоирро меорам:

Дарахти дўсти биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои боло ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳу робитаҳои дӯстона даъват менамоянду ҳалли мушкилоти ҷаҳониро вазифаи ҳамаи аъзои СММ мешуморанд. Чунин робитаҳо ба манфиати ҳар як давлат буда ва мардум низ дар як руҳияи тинҷу ором зисту зиндагонӣ менамоянд. Лек дар ҳама давру замон нафарони бадхоҳу бадкеш мавҷуд мебошанду ниятҳои бад доранд. Чунин афрод маълум аст, ки қурбонии мақсадҳои бади худ мегарданд.

Адибони тоҷик аз солҳои қадим таъкид ба таъкид гуфтаанд, ки беҳтарин амал ин дар доираи сулҳ ва маслиҳат ҳал кардани мушкилотҳо беҳтар аст. Ҷанг захмҳои куҳнаро хуншор карда, касофатӣ ва паёмадҳои нохубро ба бор меорад.

Мо мардуми Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро бо чашми сар дидаем ҳеҷ вақт ба дассисаҳои нафарони бегона дода намешавем. Агар ҳазор мисол ва далелҳо биёранд мо Ватан ва сарзамини хешро ҳимоя хоҳем карду манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистонро пуштибонӣ хоҳем намуд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg