БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД

ВОКУНИШ. Ба баромад ва навиштаҳои ғаразноки блогерону студиядорони сомонаҳои иҷтимоӣ. Ҷаҳони муосир бо технологияи ҷадиди худ як қатор мушкилотҳоро пеши роҳи мо овардааст. Пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернетӣ таъсиргузор ба мафкураи инсонҳо мебошад. Дар асрҳои миёна танҳо бо лашкар, силоҳ инсоният байни ҳам меҷангиданд. Мақсадашон як буд гирифтани дороии якдигар.

Дар шароити имрӯза бошад ҷангҳои иттилоотӣ, роботӣ ва бо далелу арқоми бардурӯғ вайрон кардани вазъияти кишварҳои осоишта. Баъзан нафарони муболиғачӣ дар хориҷи кишвар истода, ҳар он чизе ки дар нугӣ забонашон ояд ҳарф задан мегиранд.

Аз ину он кор камбуди ёфта худро таҳлилгар, сиёсатмадор ва ҳомии мардум шуморидани мешаванд.

Ин зумра нафарон дар дил ғараз дошта мақсаду маромашон нопок аст. Ба ғайр аз хароб кардан, вазъро нотинҷ кардан дигар коре надоранд. Тоҷикистон давлатест, ки дар он миллату аққаллиятҳо зиндагӣ мекунанду муттаҳид мебошанд. Миёни якдигар ягон ғараз ё душмани надошта барои диёри худ заҳматҳои зиёд мекашанд.

Аммо ёвагӯён дар саҳифаҳои иҷтимоӣ нисбати ҳокимият, роҳбари Ҳукумат ҳар гунна суханҳои бе асос гуфта, худро инсони хуб назди мардум муаррифи мекунанд. Лек мо вақте солҳои 90-умро мебинем ин гурӯҳ даст ба силоҳ гирифта ба ғайр аз хароб кардани хонаҳои мардум дигар кореро ба иҷро намерасонд.

Мо мардуми Тоҷикистон сиёҳро аз сафед фарқ мекунему бо чунин иғвогарони хориҷи гӯш намедиҳем. Чунки онҳо дар хориҷи кишвар истодаанду аз вазъияти кунунии мо умуман бохабар нестанд.

         Мо барои ободу зебо намудан ва рушд кардани кишвари азизамон талошхоҳем варзид. Ҳамаи пешрави ва фаъолияти кишварро бо чашми хирад мебинему зиндагии худро дар ватани худ идома медиҳем. 

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg