БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ БЕҲТАР ЗАҲМАТ КАШИДАН ЛОЗИМ

АНДЕША. Бештари нафарони доро ҳаёти вазнинро аз сар гузаронидаанд. Онҳо як замоне ба душвортарин корҳо машғул шудаву барои рӯзгузаронии худ шабонарӯзи меҳнат кардаанд. Дар шароити имрӯза бошад баъзан нафарон каме кор мекунанд, маблағи хости дилашонро ба даст намеоранд бо як изҳори норозигӣ маблағ нест, шароит вазнин гуфта дар хона менишинанд. Онҳо мехоҳанд бо заҳмати кам маблағи калон ба даст оранду ҳамаи камбудиҳои зиндагиашонро бартараф намоянд. Шароити муосир бо техникаҳои ҷадиди худ як қатор касбҳои навро пайдо намудааст. Агар мо каме талош варзем зиндагии худро беҳтар менамоем. Дар ҳаёт инсон бояд сарфакор бошаду тамоми захираҳои доштаи худро самаранок истифода барад. Агар мо дорои худро танзим накунему самаранок аз он истифода набарем пас мо дар зиндагии худ бо печидагиҳо рӯ ба рӯ хоҳем шуд.   

Нафаре, ки дар хона мешинаду дасти худро ба коре намебандад ӯ ҳеҷ вақт маблағеро ба даст намеорад. Дувум ин, ки барои дарёфти маблағ ба маоиши кам ҳам ё музди кам ҳам бояд кор кунаду вақти худро беҳуда нагузаронад. Мо дар ҳаёт баъзан нафаронро мебинем,ки бе кор ҳастанд аммо ба онҳо мегӯем, ки фалон корро ба иҷро расон корфармо музд медиҳад, мегӯяд ин кам аст. Ман бо ин маблағ кор намекунам. Аз чунин рафтор ва изҳори сухан кас хашмгин мешавад. Охир ту ҳар бегоҳ шикоят мекунӣ кор нест, чаро кор меёбему ту баҳонаҷӯи мекунӣ. Дар ҷавоб баҳонаҳои зиёд мешунавӣ. Мақсади навиштани ин андеша дар он аст, ки мо инсонҳо набояд вақти худро беҳуда гузаронем. Ҳаррӯз бояд амалеро анҷом диҳем, ки барои оянда замина бошад. Аз ин лиҳоз дар хона тиҷорати хурдакакеро ташкил намоему аз он ҳамарӯз фоида бинем. Шояд баъзан нафарон гӯянд кадом тиҷорат? Вобаста ба маҳал ва ҷойи худ дилхоҳ коре, ки ҳатто даромади кам дорад бояд кунем.  Агар камтар талош намоем заҳмат кашем мо гиреҳоро кушода, кори тиҷорат ё даромади худро бештар хоҳем кард. 

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg