БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ХАЙР ПОДОШИ ЗИЁД ДОРАД

АНДЕША. Мо мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бештар бо нафарони саховатпеша, соҳибкор, имкониятдошта тамос гирифта, руйхати нафарони эҳтиёҷманд, ятим, нодорро ба онҳо ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгирӣ пешниҳод менамоем. Дар мардуми мо як расмиётест, ки агар сарватманди ба касе хайр кунад, дигар нафарон рафта шикоят мекунанд, ки чаро ба ӯ кумак кардӣ ӯ  ин хелу он хел аст, гуфта камбудиҳояшро пеши марди саховатпеша мисол меоранд. Дар чунин ҳолат саховатмандон наметавонанд дасти кӯмак дароз кунанд. Дар бештар маврид нафарони саховатпеша ба воситаи мутасаддиёни Кумитаи иҷроия ба нафарони муҳтоҷ кӯмак менамоянд.

Ман худам ҳамчун мутасадӣ шоҳиди яке аз воқеае, гардидам, ки ҳеҷ вақт аз хотирам намеравад. Мо дар баъзан мавридҳо кӯмакҳоро ба хонаи нафарони эҳтиҷманд мебарем аз даромадни он хона эҳсос мекунем, ки ӯ эҳтиёҷманд нест. Дар баъзан мавриди дигар баръакс чи маблағе, ки дар ҷайб дорем онро барои нафарони нодор хайр мекунем, чунки аҳволи онро навиштану гуфтан душвор аст. Вақте, ки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки ҷавон аст, тамос гирифту таъкид кард, ки 60 кг гӯштро дар моҳи шарифи Рамазон ба занҳои бе шавҳар ва маъюбдошта хайр намо. Бо раисони кумитаҳои маҳал тамос гирифтему наздики 30 нафар занро руйхат кардем. Аз руйи руйхат бо намояндаи ҷамоатҳо вориди хонаҳо шуда, онҳоро аввал ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик намудему сипас ба онҳо 2 кг зиёдтар гӯшт додем. Шояд барои баъзан нафарон 2 кг гӯшт ҳеч чиз набошад аммо дар давоми андеша маълум мегардад, ки ҳастанд оилаҳое, ки муддати зиёд.....         

       Вақте, ки хонаи зане даромадем хонаи фарсуда, ҳавлиаш хокӣ ҳатто санг ҳам надошт, ки дар фасли зимистон вазъияташон боз вазнинтар мегардад. Аз дару тирезаҳояшон маълум ки онҳо шояд даҳсол зиёд рангу бор ҳам накардаанд. Мо иҷозати ворид шудан пурсидем бо як табассуми зебо ва муносибати самими пиразан даъват намуданд. Дар наздаш як зани маъюб. Аъзои хона бештар занҳо буданду аз шарм ба утоқҳо даромаданд. Худро муаррифи кардему аҳвол пурсидем, зани солманд гӯфт ду маъюб дорам. Аммо сад бор шукрона мекунам, вазъиятам хуб аст. Камбудие надорам сад бор шукр. Ин суханони зан, ки бештар шукр мекард диққати моро бештар ҷалб кард. Ҳамроҳи мо зане буд ӯ аз ин зани солманди соҳибхона пурсид, -дар моҳи шарифи рамазон хӯрокворӣ доред?. Соҳибхоназан боз бо шукрона гуфтанаш изҳор кард, ки ҳама чиз мерасад. Пурсидем чӣ мӯҳлат шуд, ки шумо гӯшт нахӯрдаед, дар ҷавоб гуфт: -рости гап сол мешавад. Танҳо иди гузашта хӯрда будаму дигар чи маблағе мегирам аз нафақа барои муолиҷаи маъюбонамон харҷ мекунам.

        Ман гуфтам,ки ба Шумо то ин вақт каси дигар хайр мекард, гуфт на!  Пиразан изҳор кард, ки  ин нафари саховатманд нишонаи маро аз куҷо донист. Номашро гуёд ман дар ҳақаш дуои нек мекунам. Мо дар ҷавоб гуфтем, ба мо занг зад марди саховатпеша гуфт, ки танҳо занони бе шавҳар ва дар хона маъюбдоштаро ёбеду ҳами гӯштро тақсим намоед. Мо аз раисони кумитаҳои маҳалла пурсидем ва наздики 30 нафар ёфтему хона ба хона омадем. Дар ҳақиқат аз дарвозаатон даромадан аҳволи зиндагии Шуморо фаҳмидем ва боз суханҳоятон ба мо сахт таъсире бахшид.  Дарҳол телефонро гирифта ба ҳаму нафаре, ки саховат карда буд аҳволро фаҳмонидам....

         Ин вазъият моро ҳамчун мутасаддӣ бе тараф гузошта наметавонад. Аз ин лиҳоз мо бо нафарони имкониятдошта ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгириҳо доимо ҳамкорӣ менамоему маводҳоро таҳия карда дар саҳифа мегузорем. Нафарони эҳтиёҷманд дар ҳамаи давлатҳои пешрафта ҳам мавҷуданд ва аҳволи зисташон вазнин аст. Вазифаи мо мутасаддиёну нафарони имкониятдошта дар он аст, ки бештар ба ҳамон касоне, ки зарурият ба ниёзу дастгирӣ доранд, дасти кӯмак дароз намоем. Ҳатто як ноне, ки арзишаш 2 сомон меистад метавонад шиками эҳтиёҷмандро як рӯ сер кунад.  Дастгирии ҳамдиёрон, ҳамватанон беҳтарин савоб аст. Мо хурсанд аз он ҳастем, ки нафарони имкониятдоштаи мо дар арафаи иду ҷашнҳо ба касони эҳтиёҷманд хайру сахоро ба иҷро мерасонанд. Дастгирии як инсон подоши зиёд дорад.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg