БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АККОСИ САГОН БА СӮИ МОҲТОБ

ВОКУНИШ. Фурсат фаро расид. Фурсати деринтизору интизориҳо. Фурсате, ки барояш сухане ва мавзуеро  пайдо месозад. Фурсате, ки барои аз даст доданаш сукут нашояд. Фурсати сухан, ибо, ишора ва билохира хиёнат.

Фурсатталаб шахсест, ки барои иҷрои амале ва ё коре замон мепояду интизорӣ мекашад.

Фурсатталаб шахест, ки беиродаву ноустувор:

Фурсатталаб шахест, ки танбалу нокасу нокор:

Фурсатталаб шахест, ки барои баҳонае луқмаи нонеро дарёфт мекунад:

Фурсатталаб шахест, ки аз ҳисоби дигарон рӯзӣ меҷӯяду  рӯзи меёбад

Билохира фурсатталаб шахест, ки бадкирдору ноадолатпеша ва интиҳо “хиёнатпеша”

Фурсатталаб ва ё “идеал” –и имрӯзаи ман аввал “ҳеҷ кас нест”, сипас баҷуз “наҳзатиҳои бадбахт”,  ки яке аз онҳо Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз вазъи сиёсии Тоҷикистон барояш фурсате даст додааст, ки сару садоҳои нолозимашоро дар муҳити ба худаш ошно пахш созад. Ин ҳам бошад, сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Франсия мебошад.

 Имрӯз бо истифода аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Франсия гӯсфанди кар ва мушони сурохиро ба майдонҳо бароварда, мисли саг ба сӯи моҳтоб аккос мезананд. Наҳзатиҳои бадбахт имрӯз ба андешаи пучи хеш ба сухан даромадаанду ба андешаи пучи худашон ҳамон пистаеро мемонад, ки лаб во кардаасту расво шудааст.

Расвошудаи кӯчаи одамият  Маҳмадиқболи Садриддин. Имрӯзҳо аз субҳ то шом заҳмат мекашад, меҳнат мекунаду эрод месозад, дурӯғеро бо дурӯғе ва фитнаеро бо иғвое ҳамоҳанг сохта, тавассути сомонаи шахсияш ба нашр мерасонад.

Яке дар алами сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, яке дар алами маҳбусу маҳбасбозон, яке дар бораи мансабдорону мансаббозон, яке дар бораи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меноладу менолад.

Аз нолишҳою нолаҳояш бӯйи ғарибӣ, мискинӣ, кӯлоҳбардорӣ, фармонбардорӣ меояд, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин дар он тарафи дунёву Тоҷикистони ман дар ин дунё. Пас ин ҳама сафсатаҳо барои чӣ ва барои кӣ.

Ин ҳама мисли оина равшану ошкорост, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин яке ҷузъи гурӯҳи террористию экстремистии ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ аст, ки имрӯз дар хориҷа паноҳ мебаранду бо хоҳишу иродаи “аҷнабиён” амал мекунанд. Бояд чунин бошад, зеро ҷойе, ки зиндагӣ мекунанд, мутаалиқ ба “аҷнабиёст”, луқмае, ки мехӯранд азони “анҷабиёст”, либосе, ки мепӯшанд моли “аҷнабиёст” ва билохира нафасе, ки мекашанд ҳавои “аҷнабиёст”. Пас месазад бигӯем, ки Маҳмадиқболи Садриддин “ватандор” ва ё “ватандӯст” аст, зеро ки сухан дар бораи Ватан ва ватандорӣ мегӯяд ва ё барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ амал мекунад. Ҳеҷ вақт не!!! Ӯ аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад ва амалу рафтораш барои бинандаву шунаванда ошносту ошно.

Бояд ёдовар шавем, ки замоне ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ  кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ваҳоказо. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Акнун худ қазоват кунед: чӣ хиёнате бузургтар аз ин аст, ки масири як дини поки осмониро дигар кунӣ ва онро ба манфиатҳои сиёсиву мансабталошонаи худ истифода барӣ? Ҳамин буд, ки Худованди донову ҳаким дасти иноят ба сӯяшон дароз накард ва пирӯзашон насохт.

Хулоса имрўз дар ҳақиқат Тоҷикистони мо як давлати мардумсолор ва ҳуқуқмеҳвар аст, чун мардуми тамаддунофараш дар тинҷиву амонӣ, сулҳи ҷовидона зери Парчами адолат ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарад ва аминам, ки дигар ҳадафи ҳеҷ хоини миллат ин миллатро перешон намесозад.

                Ҳамраҳат халқи бузургам қарни дигар мераванд,

                Қатъию бо боварӣ ҳамчун самандар мераванд.

Поянда бод, Тоҷикистон бо Пешвои миллати сулҳофару инсонпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg