БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БЕҲТАРИН ОРЗУИ АМАЛИШУДА

«Тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллатамон бе восита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад». Эмомалӣ Раҳмон.

АНДЕША. Ба имзо расонидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон боз намуд. Ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон маҳсуб ёфта, имрӯз мо танҳо бо ҳамдигарфаҳмию бунёдкорӣ метавонем бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвару адолатхоҳ этироф гардидааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем.

Бояд тазаккур дод, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи сулҳи тоҷикон баъд аз баргузории ҳашт давр ба имзо расид, ки он ба муноқишаҳои дохилӣ дар сарзаминамон хотима гузошт.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Агар роҳи тайкардаи сокинони мамлакатро таҳти роҳбарии фарзанди шуҷоъу муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра зина ба зина пеши назар биёрем, дар ҳаёту зиндагонии мардум дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Одамон аз пойдории сулҳу субот дар саросари ҷумҳурӣ дилгарму рӯҳбаланд шуда, ба фардои ободу осудаи Ватан некбинона назар мекунанд.

Бисту чор сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ қарор дорад, ки ин беҳтарину бузургтарин дастоварди кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Вақте, ки давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ҳама ҷумҳуриҳои собиқи он истиқлолият ба даст оварда, роҳи мустақилонаи тараққиёти худро пеш гирифтанд. Вале дар кишвари мо парокандагии миллӣ, ҷудошавӣ ба маҳалу гурӯҳҳои мухолиф ва паси сангари муқобил қарор гирифтани мардум ба амал омад, ки оқибати он даҳшатноку хатарнок буд. Фазои кишварро садои тиру туфанг ва бӯи борут фаро гирифт. Хавфи аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон ба миён омад. Гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ аз нооромиҳои кишвар ва фалаҷ гардидани сохторҳои ҳукумат истифода бурда, даст ба қатлу куштор мезаданд. Дуздию роҳзанӣ ва одамкушӣ ба як кори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Ҷои меҳру садоқат, ҷавонмардию саховатмандиро кинаву адоват ва бераҳмию бемеҳрӣ гирифта буд.

Хушбахтона хираду маърифати азалии халқи тоҷик боло гирифту қувваҳое пайдо шуданд, ки барои барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ, тинҷу ором намудани кишвар, ташкили ҳукумати нави конститутсионӣ роҳ пеш гирифтанд.

Ҳамин буд, ки аз 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд. Вакилони Шӯрои Олӣ якдилона шахси ҷасуру хирадманд Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳанӯз аз минбари Иҷлосия бо қатъият ва азму ҷасорати фавқулода ӯ гуфта буд: «Ман то вақте, ки охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худро ором ҳис карда наметавонам». Ва афзуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».

Воқеан ҳам, ин марди боҷасорат, фозилу хирадманд ва сиёсатмадор ба ҳамаи ваъдаҳои худ вафо намуд. Баъди анҷоми Иҷлосияи 16 таърихии Шӯрои Олӣ бо супориши ӯ роҳбарони олимақоми Тоҷикистон ба ҷустӯҷуи роҳҳои музокирот шуруъ намуданд. Барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо манзили бар асари ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хароб гашта, боздошти пастравии иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди ояндаи Тоҷикистон мебоист мардумро гирди ҳам оварда ва бо мухолифин сари мизи музокирот нишаст. Бо ин саъю талошҳо пояи нахустини истиқрори сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни Тоҷикон гузошта шуд.

Рӯзҳои 17-19 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин Сайид Абдуллои Нурӣ дар ҳузури Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Рабонӣ баргузор гардид ва дар он изҳороти муштарак қабул карда шуд. Дар он рӯзҳо дар кишвари Афғонистон ҷангҳои шадиди дохилӣ идома доштанд, лекин роҳбарони ҷонибҳо ҷонашонро дар хатар гузошта, ба хотири сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикон ба дидору мулоқоти ҳамдигар расиданд. Мулоқоти навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳҳои мухолифин рӯзҳои 10-11 декабри соли 1996 дар Хусдеҳи кишвари Афғонистон баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чархбол ба онҷо рафта дар ҳоле, ки ягон тараф ва ягон гурӯҳ бехатарии онҳоро кафолат дода наметавонист, боҷасорат ва нотарсона ҷон дар кафи даст, ба хотири сулҳу осоиштагии Тоҷикистон ба он мулоқот рафт ва созишномаро ба имзо расонид, ки ҳадафи аслии ин қатъи ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Боиси хушнудист, ки ҳанӯз шартномаи сулҳи тоҷикон ба имзо нарасида бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва саъю талоши беандозаи Сарвари мамлакат гурезаҳо аз хоки Давлати Исломии Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997 дар Тоҷикистон раванди таъмини сулҳу субот оғоз гардида, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Дар ин марҳилаи на он қадар тӯлонӣ миллати мо тавонист бо шарофати суботу оромӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Бешубҳа, Ваҳдати миллӣ беҳтарин орзуи амалишуда, дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Аз ин рӯ мо, мардуми сулҳпарвари тоҷик, вазифадор ҳастем, ки амалҳои таҳкимбахшандаи онро саҳҳеҳан муайян намуда, ба ҳифз намудан, ташаккул додани он мусоидат намоем.

Тағайзода Рустам,  муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХЛТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg