
ВОКУНИШ. Эй роҳгумзадаҳои лаънаткардаҳои оқипадар! Бо митингҳои панҷ – шашнафараи худ муқобили иродаи қариб 10 миллион тоҷики тоҷикистонӣ мебароед? Охир, маҳбусони сиёсии шумо дар асоси қонун ба ҳабс гирифта шудаанд ва барои кирдори худ бояд ҷавоб бигӯянд. Шумо он кӯрдилоне ҳастед, ки ягон тараққию пешравии Тоҷикистонро дида наметавонед, ё шояд мебинед, ҳис мекунед, вале аз бухлу кина эътироф наменамоед.
Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳкими сулҳу субот, беҳдошти дараҷаи зиндагии мардум, ободонию созандагӣ ва серию пурӣ ба дараҷае назаррасанд, ки агар Офаридгор саҷдаи одамро ба одам раво медид, ҳамаи тоҷикон ба он кас саҷда мекарданд.
Пешвои миллат имрӯз ба дарёи серобе мемонад, ки ҳама замину замон аз он серобанд. Шумо сагоне мебошед, ки ба қавли шоир: “Дарё палид менашавад, аз даҳони саг”.
Ба қавли Айнӣ талошҳои имрӯзаи шумо талвосаи ҷонкании дарандаи захмдорро мемонад, ки ки имрӯз ё пагоҳ мемирад.
Назарзода Алӣ Исмон, сокини ноҳияи Фархор