БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АФҒОНИСТОН - МАРЗИ ИБТИДОИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

ВОКУНИШ. Чун ба таърихи даргириҳои мамлакати Афғонистон назар мекунем, мебинем, ки шурӯъ аз охирҳои асри гузашта нооромиҳои дохилӣ боис шуд, ки Артиши Россия барои ором намудани вазъи Афғонистон ба он ворид гардида, чанд муддат дар ин кишвар низомиёни кишвари Россия барои фурӯ нишондани муқобилияти баъзе гурӯҳҳо ва ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори нави  ҳокимияти давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо, корхонаву муассисаҳо ва ғайра машғул буданд. Бо таъсири давлати Шӯравӣ дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, вале баъди мудохилаи кишварҳои ғарб, пеш аз ҳама – ИМА воқеаҳо ранги дигар гирифта, давлатҳои ғарб баробари ҷанги идеологӣ ба муқобили сиёсати Шӯравӣ ба ташкили дастаҳои муқовимат (муҷоҳид) бо силоҳу аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин кардан ба муқобили ҷузъу томи Шӯравӣ муқовимат бурданро оғоз карданд.

Аз давраи аз Афғонистон баромадани Артиши шӯравӣ зиёда аз 30 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол дар ин кишвари азияткашида сулҳу осоиш барқарор нест. Имрӯз метавон гуфт, ки ҷангҳо дар Афғонистон ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ будааст ва имрӯз дар бисёр давлатҳои Шарқи наздик, Африко ва Аврупо идома доранд.

Дар тамоми давраи амалиёти ҳарбӣ низомиёни Шӯравӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ башардустӣ аз худ корнамоиву қаҳрамонӣ нишон медоданд. Ба муқобилияти гурӯҳҳои зиддинизомии нав нигоҳ накарда, онҳо вазифаҳои башардӯстонаи худро идома медоданд, ки баъди гузашти солҳо худи афғонҳо иқдоми башардӯстонаи нерӯҳои Шӯравиро ба некӣ ба ёд меоранд.

Аз байн солҳо гузашт, имрӯз дунёву минтақа ба таври куллӣ тағйир ёфтааст. Баъди гузашти солҳо имрӯз ба ҳамагон маълум гашт, ки амалиётҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти афғон, ки зархаридони хориҷӣ буданд, ибтидои амалҳои терроризми байналхалқӣ буда, имрӯз ба аксари давлатҳои минтақаву ҷаҳон доман паҳн кардааст.

Дар баробари ин, таърих ҳамчун ҳаками ҳақбин собит мекунад, ки ҳеҷ гоҳ халқеро, ки озодиву истиқлолияти хешро дӯст дошта, баҳри он мубориза мебарад, мағлуб ва ё бо зориву зӯрӣ хилофи хоҳишаш зери итоати худ даровардану бор кардани ақидаи бегона мумкин набудааст.

Аз ин рӯ, халқи бародари афғон бояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободиву озодии кишвари хеш мубориза баранд ва дар паҳлуи писари озодихоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд-Аҳмади Масъуд гирд омада,  Афғонистонро аз дасти ин гурӯҳи террористии ба ном «Толибон» озод намояд.

С.Ҷалилова, муовини раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Муъминобод  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg