ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлис доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуд.
Дар рафти маҷлис масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аксияҳои ҳизбӣ баромад намуда, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» тавсия доданд.
Дар анҷом масъулини Кумитаи иҷроия оид ба банақшагирии дурусти буҷети маҳаллӣ ва шаффофияту адолатнокӣ дар сарфу харҷи буҷети маҳаллӣ сухан гуфта, ҳозиринро барои бо дасту дили пок адо намудани вазифаҳои хизматии худ ҳидоят намуданд.