БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИ БО ҶАВОНОНИ ОЯНДАСОЗ

КӮШОНИЁН. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Шомалангова Миҷгона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 39 бо  ҷавондухтарон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқотҳо оид ба озмуни “Иншои беҳтарин” бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳои муфид намуданд.

Ҳамзамон, бо ҷавондухтарон оид ба сару либоси ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои ғайр, тартибу интизом, одоби муошират, рӯзгордорӣ ва дигар масъалаҳо низ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg