АНДЕША. Модар ҳадяи Парвардигор барои мо инсонҳо мебошад. Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо, ҳимматбиаландтарин шахси башарият аст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, ҳамаи ранҷу машаққатҳои ӯро бо ягон ганҷи дунё наметавон ҷуброн кард. Фариштае ҳаст, ки аз меҳру муҳаббати бепоёну беандозааш кас ба ҳайрат меояд. Модар офариниши зебоест, барои он, ки дар дунё ӯ ягона касест, ки мехоҳад фарзандро доимо хушбахт бинад. Дар дунё касе нест ба ҷуз модар ба дил наздик, ғамбарору, дилкушо, маслиҳатгару, дуогӯй бошад. Ӯ ягона мавҷудотест, ки гуноҳи моро ҳар чӣ, ки бошад мебахшад.
Модар дар меҳрубони монанди офтоб аст, чун бо навозишу меҳрубониҳояш дилҳои сардро низ гарму нарм менамояд. Модар ягона шахсе аст, ки моро нӯҳ моҳ дар батнаш, се сол дар бағалаш ва як умр дар қалбаш нигоҳ медорад.
Аввалин ҳарфи забонам Модар аст,
Аввалин устод бароям Модар аст.
Андар ин олам шукуфон гаштаам,
Ин ҳама файзу дуои Модар аст!
Оре, ҳама файзу баракат, бурдбориву комёбиҳои мо аз дуоҳои Модарон мебошад. Аз ҳама пурқуваттарин чиз дар ҷаҳон, ки аз ҳама гуна бадӣ моро эмин нигоҳ медорад ин дуои Модар аст.
Хулоса, Модар ҳама, ҳама чизи мо, тамоми дунёи мо ва ҳастии мо аст. Ин мавҷудоти ҳалимро фаришта гӯям, замин гӯям, осмон гӯям, моҳ гӯям, ситора гӯям, чизе, ки гӯям арзанда асту,чӣ қадар васфас кунам кам аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки ин ганҷи ноёбу пур зи меҳрро чун гавҳарарки чашм нигаҳбон бошему то вақте, ки ҳастанд бо дилу ҷон дар хизматаш бошем ва дуои неки ин шахси мӯътабарро гирем, то ки дар зиндагӣ соҳиби бахт ва зиндагии шоиста гардем.
Аз барои Модарам чонро фидо созам кам аст,
Ҳам барои хизматаш худро адо созам кам аст.
Чу дар оғушаш гирифта меҳри афзун додааст,
Баҳри меҳраш ҳар нафас шукри Худо созам кам аст.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ