ДАНҒАРА. Бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҳмонзода Аваз бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҶСК “Ориёнбонк” маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Саравал Раҳмонзода Аваз барои саҳм гузоштан дар маъракаи “Обуна -2022” ба рӯзномаҳои “ Минбари халқ” ва “ Ҳамрози халқ” ба роҳбари ташкилот изҳори миннатдорӣ баён намуда, сипас дар бораи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб суханронӣ намуд.