ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо асосан самтҳои тандурустӣ, маориф ва рушди деҳотро дар бар мегирад.
Айни замон яке аз ташкилотҳои бемаънитарини ҷаҳон ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва созмони ифротии Гурӯҳи 24 ба воситаи сомонаҳои ифротиашон сӯистифода аз сафари расмии Роҳбари давлат барои танқид ва дассисаҳо камар баста, маълумотҳои иғвоангезу беасос паҳн карда истодаанд. Ин ҳама дассисабозиву иғвоангезии наҳзатиён ва Гурӯҳи 24 ба мардуми тоҷик заррае ҳам таъсир намекунад. Наҳзатиён ва Гурӯҳи 24 ба мисли лошахӯронеанд, ҳатто ба шайтон ҳам дарс гуфтанианд. Вале чӣ қадаре, ки ҳиллаю найранг кунанд ҳам, дарвозаи сулҳи тоҷикро шикаста наметавонанд.
Бо ифтихор ва боварии комил гуфта метавонем, ки сулҳи тоҷик пойдор аст ва пойдор мемонад. Ҳатто магаси сулҳолудаи тоҷик аз миллиардҳо наҳзатиён ва Гурӯҳи 24 болост. Ташкилоти террористии наҳзатиён аз тарс роҳашонро гум карда истодаанд, ки ин сафари Роҳбари давлат барои онҳо дар оянда мушкилӣ эҷод менамояд. Метарсанд, ки дар ин ҳамкориҳо тамоми дассисаҳояшон рӯи об мебарояд ва онҳоро аз вуҷуди Аврупо пок мекунанд.
Иғвову дассисаҳои беасоси ин беномусони ватанфурӯшу хоин барои мардуми тоҷик аҳамияте надорад. Худро ба ҳар роҳе зананд ҳам, фоидае надорад. Чунки имрӯз ҳар як фарди тоҷику тоҷикзабон бохабаранд, ки душманони миллат кистанд ва чи мақсади ғаразу нопок доранд.
Мо ифтихор аз он дорем, ки чунин Сарвари оқилу доно дорем ва бо ӯ мефахрем. Сулҳу амониро ин марди хирад дар Ватан пойдор нигоҳ доштааст ва барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз заҳмату ҷонфидоиҳо карда истодааст. Аз ин хотир, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Сарвари давлат дар ин сафари худ ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба муваффақият ноил гардида, барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон саҳми босазое хоҳад гузошт.
ЗИҲӢ, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ!
Каримов Лоиқҷон, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик