ВОКУНИШ. Роҳбарону аъзои ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24 ҳамарӯза дар пайи онанд, ки мардуми кишвар, бахусус ҷавонону наврасонро бо ҳар гуна найрангу ҳилла гумроҳ намуда, онҳро ба майдон бароварда қурбони бозиҳои ҳароми худ созанд. Ин ҳаромкориҳои худро то имрӯз давом дода, бо ҳар гуна ҳиллаю найранги нав бозиҳои ҳароми хешро идома додан мехоҳанд.
Имрӯз ҳамаи мо сокинони кишвар мушоҳида намуда истодаем, ки бо ҷаҳду талошҳои ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат , Президенти кишварамон шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто дурдасттарин деҳаҳо ободу зебо шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар шуда, мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳаллу фасл гардида истодаанд.
Қисме аз ҷавонони соддаву гумроҳи дар хориҷи кишвар бо дассисаву роҳнамоии сарварони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 ҳангоми сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия, бо ҳар гуна талабу даъвоҳои беасос намоишҳои бешармонаю ноҷавомардона баргузор намуда, бо ин амалҳои пасти худ мехоҳанд дар муносибатҳои байни Ҷумҳурии Фронса ва Тоҷикистон мушкилот эҷод намоянд.
Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Ҷумҳурии Франсия якумин давлате мебошад, ки Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохта, соли 1992 муносибатҳои дипломатии худро бо кишвари мо барқарор намуд. Кишвари мо давлати Франсияро ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ дар ҳамкориҳои иқтисодиву байналмилалии худ медонад.
Санаи 13 –уми октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Франсия баргузор гардид. Прездинети Ҷумҳурии Франсия Эмануэл Макрон дар қасри Елсейи шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифт.
Рафтори ноҷавонмардонаю беақлонаю бешарафонаи гурӯҳе аз ҷавонони ба фиреби роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 давоми мантиқии амалҳои пасту зисти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 мебошад.
Кулли сокинони кишвар алакай пурра дарк намуданд, ки наҳзатиҳо ва думравони онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Онҳо аз пешравиҳои кишвар озурдахотир шуда, аз баъзе нокомиҳо овозаҳо паҳн намуда, табли шодӣ зада, барои паст намудани мавқеи кишари мо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сомонаҳои интернетӣ овозаҳи бардурӯғ пахш менамоянд.
Ин бадхоҳони миллат, ҷавонони роҳгумкардаю камтаҷриба бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони Ватан, ки имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда , тавассути расонаҳои хабарии хоҷагони хориҷӣ бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи худ туҳмат мебофанд ва теша ба решаи хеш мезананд.
Ҳар як сокини ватандӯти кишварро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди чунин нохалафон муборизаи оштинопазир барем ва нагузорем, ки чунин нохалафон ба мақсадҳои ғаразнокашон расанд.
Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини ин мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки ҷашм ҳифз намоянд.
Аз ин ҷиҳат ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи худро анҷом диҳад, Сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем ва бар зидди душманони миллат, бахусус роҳбарияти фирории ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 муттаҳид бошем, ба ҳар амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққи фарзанди бедордилу ватандӯсти кишвар Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо барои рушду пешравии он шабу рӯз пайваста заҳмат мекашанд, бетараф набуда, барои саркӯбу хомӯш намудани туҳмату буҳтонҳои онҳо вокунишҳои фаврӣ нишон диҳем, ҳушёрӣ ва зиракиву худшиносиро аз даст надиҳем ва барои пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва ноҷавонмардонаи ин гуна гурӯҳҳои хоинони миллат дастаҷаъмона мубориза барем.
Ализода Сурайё, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав