БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҚЛ ИНСОНРО ТО БА КУҶО МЕБАРАД

АНДЕША. Албатта, дар доираи мафҳуми болозикр дақиқан маълум намоем, ки пайи чи корҳо равонаему онро чи гуна идора мекунем. Вақте ки  Худованд ба Малоик ақл дод, нафс надод, бар ҳайвон нафс дод, ақл надод. Бар инсон ҳам нафсу ҳам ақлро дод. Худованд мефармоянд: “ Агар инсон ақлро бисёр истифода барад, қадрашро аз малоик зиёд мекунам, чунки малоик ақл дораду нафс надорад. Агар нафс бар инсон ғалаба кард,  қадрашро аз ҳайвон паст мекунам, чунки ҳайвон нафс дораду ақл не”.

Ақлро барои худ шариф дониста, ташаккул додану дар доираи имкониятҳои он ба муваффақиятҳои назаррас расиданро барои худ мақсадгузорӣ намоем. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо дар зиндагӣ хатои бузург мекунем, ин хатои бузурги мо дар он аст, ки ақли худро не, балки нафси худро идора карда наметавонем. Мо агар пуштибони нафси худ бошем, дар ҳаёт худро аз даст доданамон мумкин аст. Яъне, ки ба неъматҳои дунёӣ сазовор нахоҳем гашт, гуфтаниям, ки он чизе, ки мо сазовор мешавем, ин бо ақли худ аст. Дар ҳаёт мо бо якчанд нафарон рӯ ба рӯ мешавем, ки онҳо бо худ руҳияи гуногун доранд, аз ҳама муҳим барои ҳар як шахс ин руҳияи инсондӯстӣ  ва эҳтиром ба шахсият ба ҳисоб меравад.

Агар инсон закию хирадманд, бо ақли расо, ба ҳодисаҳои он наку бингарад, ҳеҷ гоҳ ба мушкилие дучор нахоҳад омад, вале ҳаёт боз ҳам дигаргунтар аст ва новобаста ба ихтиёри худи мо ҳодиса ва воқеоте рух медиҳад, ки кас дар ҳайрат мемонад.

Бо ишораи ҳамин нукта, ҳар як шахсро  мебояд то ҳамеша дар зиндагӣ ҳама паҳлуҳои рӯзгорро андеша намуда, ба тарозуи ақл бар кашад. Ба ҳар гуна норасогӣ ва мушкилоте, ки рӯ ба рӯ меояд, сабр намуда, таҳаммулпазир бошад  ва  кӯшиши пайдо намудани роҳи ҳалли онро намояд. Аммо мо бо мушкилотҳое, ки дар зиндагӣ дучор мешавем, сабр ва тоқати худро истифода бурда наметавонем. Сабаби ин ҳама мушкилотҳо сустии ирода ва дар ҳолати заррурӣ қарори дуруст қабул карда натавонистани худи мо мебошад. Агар тамоми корҳоямонро бо фикри хуб ва бо ақли расо оғоз намоем, пас ба мушкилотҳое дучор нахоҳем гашт. Яке аз беҳтарин роҳҳое, ки мо дар таълиму тарбияи худ истифода мекунем, ин парвариш ва тақвияти нерӯи ақл аст, зеро ақл дар даъват ба корҳои нек ва пазириши ахлоқ нақши бузургеро ифода мекунад. Барои ҳамин бояд ақлро барои худ беҳтарин раҳнамо шуморем. Чи хеле ки шоири бузург фармудааст:

             Пари товус  латиф аст ба каргас нарасад,

             Ақл ҳам чизи  шариф аст, ба ҳар кас нарасад.

Ҳамин тариқ аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки имрӯзҳо одамон дар забони худ якчанд суханони қабеҳро ҷой додаанд, ки ӯро бо фикр не, балки бо ана ҳамон суханҳои дағале, ки аз забонашон мебарояд, истифода мебаранд. Барои пешгирӣ кардан ва умуман истифода набурдани ин гуна калимаҳо танҳо ақли худро кор фармудан лозим аст. Бояд пайваста кӯшид, то ақли худро дар роҳи некӯкориву суханҳои нек гуфтан истифода барем, зеро шиори мо инсонҳо дар роҳи рост рафтан, некӣ кардан ва амали савобро ба ҷо овардан аст. На ин ки сухани бад гуфтан, дили касеро ранҷондан. Чуноне ки гуфтаанд: “Дар сарат ақли худро мустаҳкам дор ва дар гуфтор забони худро ҳушдор соз!”.

Камолиддинзода Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg