ФАРХОР. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроия маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Шуғли аҳолӣ" баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Шуғли аҳолӣ" Шарипов Алихон дар борои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки нисбат ба кори ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ дилгарм буда, дар ҳамаи чорабиниҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат менамоянд.