БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амнияту осудагӣ бузургтарин неъмат аст

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар Кумитаи замини нощия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат доир карда шуд. 

Дар суҳбат мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷамолиддин Қаюмов дар бораи вазифаҳои аз Паём бароянда, хавфу хатари ба ҷомеадоштаи терроризму ифротгароӣ, экстремизм, коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб сухан ронд.  Қайд намуд, ки имрӯз мардуми сайёра дар як шароити душвор зери таҳдид ва хавфу хатари терроризму экстремизм ва дигар амалҳои тундгаро зиндагӣ менамоянд. Чунин таҳдид ба ҷумҳурии мо ҳам  дахл дорад. Хушбахтона ба хотири пешгирӣ аз амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварамон тамоми чораҳо андешида мешавад.

Рӯзҳои 4-5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар он даъват карда шуд, ки ҷомеаи ҷаҳони бори дигар аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ ва оқибатҳои фоҷиабори   он огоҳ сохт. Терроризм,- қайд намуд ӯ, аз рӯи баҳое, ки ба он Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ додааст, Ватан, миллат, дин, мазҳаб надорад. Терроризм алҳол  дар 100 давлати дунё домон паҳн намудааст.

Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарардида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шуданд. Бинобар ҳамин бояд ҳар яки мо дар бораи терроризму ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро маълумот дошта бошем ва роҳҳои мубориза ба онҳоро донем.

Инчунин, дар бораи дигар амали ба давлату ҷамъият зараровар-коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ ба таври васеъ сухан ронда,  таъкид намуд, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дар тақсимоти замин бо фоизи баланд ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ қайд карда шуд. Бинобар ҳамин кормандони соҳаро зарур аст, ки сари ин масъала андеша намоянд.

       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg