БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ДАСТГИРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ТЕМУРМАЛИК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Савда” оиди Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки санаи 6 – октябри соли равон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо иштироки раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказӣ баргузор гардида буд, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Кангурт вохӯрии судманд гузарониданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои иҷрои амалҳои созанда рашнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg